https://sputnik.tj/20240323/hamlai-terroristi-maskav--krokus-siti-kholl-1062163214.html
Ҳамлаи террористӣ дар Маскав: Дар “Крокус сити холл” чӣ рух дод
Ҳамлаи террористӣ дар Маскав: Дар “Крокус сити холл” чӣ рух дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷойи ҳодиса дар вилояти Маскав ситоди фаврӣ таъсис дода шудааст. Тамоми кувваю воситаҳо ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шудаанд
2024-03-23T01:45+0500
2024-03-23T01:45+0500
2024-03-23T01:45+0500
русия
дар русия
ҳамлаи террористӣ
ҳамлаи хунин
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/17/1062162417_0:121:3213:1928_1920x0_80_0_0_6050303f756174c91bea85f59eeaa936.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Тирпарронӣ дар толори консертии “Крокус сити холл”, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав сурат гирифтааст.Бино ба маълумоти пешакӣ, 40 нафар кушта ва беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштаанд.Пас аз тирпаронӣ дар Маркази савдо сӯхтор рух дод. Майдони сӯхтор дар “Крокус сити холл”, беш аз 3000 метри мураббаъро ташкил дод. Ба он сатҳи душвории баланд таъин шудааст. Чанд чархбол оташро хомуш карданд.Дар ин бора РИА Новости хабар додааст.Гуфта мешавад, ки як гурӯҳи афроди ношинос тақрибан се нафар бо либост низомӣ тарафи мардуми осоишта оташ кушодаанд. Дар натиҷа даҳҳо нрафар кушта ва захмӣ шудаанд.“Нафароне, ки либоси низомӣ доштанд, ба ошёнаи поёнии бинои “Крокус сити холл” даромада, бо автомат оташ кушоданд”, — таъкид шудааст дар хабар.Тибқи маълумоти расида, пас аз оғози тирандозӣ аз сӯи ин нафарон норинҷак ё бомб тарконида шудааст. Ба ҳамин хотир сӯхтор сар задааст."Одамоне, ки дар толор буданд, барои раҳоӣ аз тирпарронӣ дар рӯи фарш хобида, 15-20 дақиқа дар буданд, пас аз он мардум ба берун баромаданд", - гуфт хабарнигор.Гуфта мешавад, ки тирпарронӣ дар тлоре, ки бояд консерти гурӯҳи Пикник мешуд давом ёфтааст. То ҳол аз аҳволи чандин нафар маълумот нест."Ман шоҳиди айн нестам, фақат садои тирро шунидам. Ҳоло як фоҷеае рух медиҳад. Мардум тақрибан бе либоси гарм ба кӯча давиданд", - гуфт намояндаи гурӯҳ.Баъдтар маълум шуд, ки боми назди саҳнаи толори консертӣ фурӯ рехтааст.Пизишкон низ ба зарардидагон ёрии зарурӣ мерасонанд. Дар маҷмӯъ, дар назди “Крокус сити холл” тақрибан 70 дастаи ёрии таъҷилӣ навбатдорӣ доранд.Ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар Татяна Москалкова ҳодисаи дар “Крокус сити холл” рухдодаро як амали террористӣ номида, ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.Сардори ВКД Колоколтсев ва ҳамчунин раиси вилояти Маскав Андрей Воробёв ба ҷои ҳодисаи ҳамлаи террористӣ дар Маскав ҳозир шуданд.
https://sputnik.tj/20240101/putin-ukraina-hamla-mushak-belgorod-rusiya-1061146941.html
русия
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/17/1062162417_242:0:2973:2048_1920x0_80_0_0_46eb2531cf1608c77b6aab4e07f17747.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия , маскав, ҳамалаи террористӣ, оташ, сӯхтор, ҳамла, ношинос
русия , маскав, ҳамалаи террористӣ, оташ, сӯхтор, ҳамла, ношинос
Ҳамлаи террористӣ дар Маскав: Дар “Крокус сити холл” чӣ рух дод
Дар ҷойи ҳодиса дар вилояти Маскав ситоди фаврӣ таъсис дода шудааст. Тамоми кувваю воситаҳо ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Тирпарронӣ дар толори консертии “Крокус сити холл”, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав сурат гирифтааст.
Бино ба маълумоти пешакӣ, 40 нафар кушта ва беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Пас аз тирпаронӣ дар Маркази савдо сӯхтор рух дод. Майдони сӯхтор дар “Крокус сити холл”, беш аз 3000 метри мураббаъро ташкил дод. Ба он сатҳи душвории баланд таъин шудааст. Чанд чархбол оташро хомуш карданд.
Дар ин бора РИА Новости хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки як гурӯҳи афроди ношинос тақрибан се нафар бо либост низомӣ тарафи мардуми осоишта оташ кушодаанд. Дар натиҷа даҳҳо нрафар кушта ва захмӣ шудаанд.
“Нафароне, ки либоси низомӣ доштанд, ба ошёнаи поёнии бинои “Крокус сити холл” даромада, бо автомат оташ кушоданд”, — таъкид шудааст дар хабар.
Тибқи маълумоти расида, пас аз оғози тирандозӣ аз сӯи ин нафарон норинҷак ё бомб тарконида шудааст. Ба ҳамин хотир сӯхтор сар задааст.
"Одамоне, ки дар толор буданд, барои раҳоӣ аз тирпарронӣ дар рӯи фарш хобида, 15-20 дақиқа дар буданд, пас аз он мардум ба берун баромаданд", - гуфт хабарнигор.
Гуфта мешавад, ки тирпарронӣ дар тлоре, ки бояд консерти гурӯҳи Пикник мешуд давом ёфтааст. То ҳол аз аҳволи чандин нафар маълумот нест.
"Ман шоҳиди айн нестам, фақат садои тирро шунидам. Ҳоло як фоҷеае рух медиҳад. Мардум тақрибан бе либоси гарм ба кӯча давиданд", - гуфт намояндаи гурӯҳ.
"Наҷотдиҳандагон тақрибан 100 нафарро аз таҳхонаи бино берун оварданд. Амалиёт барои наҷот додани одамон аз боми бино бо истифода аз механизмҳои борбардор идома доранд", — гуфтанд дар шабакаи Telegram Вазорати ҳолатҳои изтирории вилояти Маскав.
Баъдтар маълум шуд, ки боми назди саҳнаи толори консертӣ фурӯ рехтааст.
Пизишкон низ ба зарардидагон ёрии зарурӣ мерасонанд. Дар маҷмӯъ, дар назди “Крокус сити холл” тақрибан 70 дастаи ёрии таъҷилӣ навбатдорӣ доранд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар Татяна Москалкова ҳодисаи дар “Крокус сити холл” рухдодаро як амали террористӣ номида, ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.
Сардори ВКД Колоколтсев ва ҳамчунин раиси вилояти Маскав Андрей Воробёв ба ҷои ҳодисаи ҳамлаи террористӣ дар Маскав ҳозир шуданд.