https://sputnik.tj/20240320/putin-guft-nishasti-iiao-barguzor-1062130633.html
Путин гуфт нишасти ИИАО кай баргузор мешавад
Путин гуфт нишасти ИИАО кай баргузор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки 8 май дар шаҳри Маскав нишасти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор мешавад
2024-03-20T19:00+0500
2024-03-20T19:00+0500
2024-03-20T19:00+0500
дар русия
русия
владимир путин
ииао
маскав
иҷлосия
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/14/1062132415_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_7525d48471d4689fbb1ac62188c46601.jpg
ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Сарони кишварҳои Русия ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар шаҳри Маскав барои баррасии масоили рушди ҳамкориҳо мулоқот хоҳанд кард.Тавре хабаргузории ТАСС хабар додааст, Владмир Путин раисҷумҳури Русия дар дидор бо бо раиси ҳайати мушовараи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бакитҷон Сагинтаев таъкид кард, ки дар ҷараёни нишаст як қатор масоили муҳим баррасӣ хоҳад шуд."Ман медонам, ки шумо аллакай ба чорабинии ҷашнӣ омодагӣ гирифтаед, мо онро 8 май ба нақша гирифта будем. Мо онро дар ин ҷо, дар Маскав баргузор мекунем. Мо ба ин омода ҳастем, шумо медонед, ки мо ҳамеша чунин корҳоро бо хушнудӣ анҷом медиҳем. Уҳдадориҳои худро иҷро мекунем ва ҳамаи ҳамтоёнро қабул хоҳем кард”, - гуфт Путин.Вай илова кард, ки нишасти ИИАО на танҳо даҳсолаи навро дар ҳаёти ин созмон боз мекунад, балки ба амиқтар шудани ҳамгироӣ, беҳбуди некӯаҳволӣ ва сатҳи зиндагии кишварҳои узв мусоидат хоҳад кард.ИИАО дар соли 2014 ба фаъолият шурӯъ кард - моҳи майи ҳамон сол дар Остона сарони Русия, Қазоқистон ва Беларус Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро ба имзо расониданд.Соли 2024 созмон 10-сола мешавад. Ҳадафи таъсиси иттиҳодия таъмини озоди ҳаракати молҳо, хизматрасонӣ ва қувваи корӣ байни кишварҳо, инчунин пеш бурдани сиёсати ҳамоҳангшуда дар бахшҳои иқтисод буд.
https://sputnik.tj/20240319/iiao-zargaron-sodirot-mahsulot-ikhtiyoran-tamghaguzori-1062108680.html
русия
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/14/1062132415_165:0:2896:2048_1920x0_80_0_0_19e2a19ee9797cfad4ed91bdd2951260.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ииао, маскав, ҷаласа, авруосиё, владимир путин, раисҷумҳур
русия, ииао, маскав, ҷаласа, авруосиё, владимир путин, раисҷумҳур
Путин гуфт нишасти ИИАО кай баргузор мешавад
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки 8 май дар шаҳри Маскав нишасти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Сарони кишварҳои Русия ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар шаҳри Маскав барои баррасии масоили рушди ҳамкориҳо мулоқот хоҳанд кард.
Тавре хабаргузории ТАСС хабар додааст, Владмир Путин раисҷумҳури Русия дар дидор бо бо раиси ҳайати мушовараи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бакитҷон Сагинтаев таъкид кард, ки дар ҷараёни нишаст як қатор масоили муҳим баррасӣ хоҳад шуд.
"Ман медонам, ки шумо аллакай ба чорабинии ҷашнӣ омодагӣ гирифтаед, мо онро 8 май ба нақша гирифта будем. Мо онро дар ин ҷо, дар Маскав баргузор мекунем. Мо ба ин омода ҳастем, шумо медонед, ки мо ҳамеша чунин корҳоро бо хушнудӣ анҷом медиҳем. Уҳдадориҳои худро иҷро мекунем ва ҳамаи ҳамтоёнро қабул хоҳем кард”, - гуфт Путин.
Вай илова кард, ки нишасти ИИАО на танҳо даҳсолаи навро дар ҳаёти ин созмон боз мекунад, балки ба амиқтар шудани ҳамгироӣ, беҳбуди некӯаҳволӣ ва сатҳи зиндагии кишварҳои узв мусоидат хоҳад кард.
ИИАО дар соли 2014 ба фаъолият шурӯъ кард - моҳи майи ҳамон сол дар Остона сарони Русия, Қазоқистон ва Беларус Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро ба имзо расониданд.
Соли 2024 созмон 10-сола мешавад. Ҳадафи таъсиси иттиҳодия таъмини озоди ҳаракати молҳо, хизматрасонӣ ва қувваи корӣ байни кишварҳо, инчунин пеш бурдани сиёсати ҳамоҳангшуда дар бахшҳои иқтисод буд.