Трамп гуфт, ки метавонад моҷарои Украинаро тавассути музокирот ҳал кунад

© AP / Joe MaioranaЭкс-президент США Дональд Трамп во время выступления
Экс-президент США Дональд Трамп во время выступления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2024
Обуна шудан
Дар масоили Украина раиси ҷумҳури феълии Амрико, комилан баръакси он чизеро, ки бояд дар бораи низоъ гуфта шавад, мегӯяд, изҳор медорад Трамп
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико гуфт, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, метавонад низои Украинаро тавассути музокирот ҳал кунад.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, вай ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва Владимир Зеленский ҳарфҳое дорад.
"Мо бояд онҳоро даври ҳам ҷамъ кунем ва ман мегӯям: шумо бояд ин корро кунед. Ва ман ба ҳар яки онҳо чизҳои муайянеро мегӯям, ки ба тамоми ҷаҳон намегӯям. Аммо ман фикр мекунам, ки ин корро карда метавонам. ”, - гуфт Трамп дар мусоҳибаи барои подкасти муҷрии телевизион ва радиои амрикоӣ Себастян Горкий.
Трамп афзуд, ки раҳбари Русияро хеле хуб мешиносад ва дар гузашта бо ӯ борҳо масъалаи Украинаро баррасӣ кардааст ва Ҷо Байден, раиси ҷумҳури феълии Амрико, комилан баръакси он чизеро, ки бояд дар бораи низоъ гуфта шавад, мегӯяд.
"Байден бадтарин чизҳоро гуфт, вай метавонист онро ба осонӣ боздорад, аммо вай баръакси он чизе, ки бояд мегуфт, гуфт",- гуфт президенти собиқи ИМА.
Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботиаш борҳо ваъда дода буд, ки вазъ дар атрофи Украинаро бо пирӯзӣ дар интихобот ҳал хоҳад кард.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, вай ин корро ҳатто қабл аз маросими савганд анҷом медиҳад.
"Мо сулҳро бо роҳи зӯр барқарор хоҳем кард, ҳатто пеш аз он ки ман ба курсии худ биёям. Ба зудӣ пас аз пирӯзӣ дар интихобот, ман ба созиши Русия ва Украина ноил мешавам". - гуфт ӯ дар як суханронӣ дар Теннесси.
Ӯ ҳамчунин борҳо изҳор дошта буд, ки дар сурати дубора интихоб шудан, ният дорад, дар давоми ҳамагӣ 24 соат ба ҳалли низоъ миёни Русияву Украина ноил шавад.
Лентаи хабарҳо
0