Дар Тоҷикистон рӯзҳои таътили баҳорӣ барои мактаббачагон эълон шуд

© SputnikVI Международная выставка "Китоби Душанбе"
VI Международная выставка Китоби Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2024
Обуна шудан
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон кард, ки мактаббачаҳои тоҷик дар таътили баҳорӣ ва таҷлили Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Хонандагони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон 21 март ба таътили баҳорӣ баромада, 31 март ба мактаб бармегарданд.
Дар ин бора сухангӯи Вазорати маориф ва илми кишвар Наврӯзи Мирзо ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Хамин тавр донишомӯзонро 10 рӯзи истироҳатӣ интизор аст. То 21 март дар ҳамаи мактабҳо чоряки сеюм ҷамъбаст карда мешавад, афзуд манбаъ.
Ба иттилои оқои Наврӯз, ҳамчунин тарбиятгарони муассисаҳои томактабӣ аз 21 то 26-уми март ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 21-ум то 25-уми март истироҳат менамоянд.
Мавсуф афзуд, ки дар давраи таътил пас аз чорабиниҳои наврӯзӣ хонандагон ба озмунҳои фаннӣ омодагӣ мегиранд, ки аз моҳи апрел оғоз хоҳанд шуд.
Народное празднование в честь международного праздника Новруз в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2024
Барномаҳои асосии наврӯзии Тоҷикистон ба таъхир афтод: сабаб?
Дар мавриди омӯзгорон бошад, пас аз анҷоми таътили расмӣ дар Наврӯз онҳо ба корҳои методӣ ва омодасозии шогирдон машғул мешаванд.
Дар баъзе аз муассисаҳо вохӯриҳо, суҳбатҳо бо падару модарони талабагон ва дигар маҳофили тарбиятӣ гузаронда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки имсол Наврӯз ба рӯзи панҷшанбе рост меояд. Ҳамин тавр дар ҷумҳурӣ аз Душанбе то чаҳоршанбе рӯзи корӣ аст.
Ҳамин тариқ баъд аз 20 март шаҳрвандони Тоҷикистон таътил мераванд.
Дар ҳар як шаҳри Тоҷикистон ба муносибати Иди Наврӯз барномаҳои хоси фарҳангӣ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0