https://sputnik.tj/20240316/bozdoshti-kormandi-khadamoti-aloqa-baroi-obu-loyi-dahho-hazor-puli-obuna-1062072436.html
Боздошти корманди Хадамоти алоқа барои обу лойи даҳҳо ҳазор пули обуна
Боздошти корманди Хадамоти алоқа барои обу лойи даҳҳо ҳазор пули обуна
Sputnik Тоҷикистон
Ба дастгиршуда аз 131 то беш аз 194 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ва маҳрумият аз вазифаҳо интизор аст
2024-03-16T16:25+0500
2024-03-16T16:25+0500
2024-03-16T16:25+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
оҷонсии зидди фасод
хадамоти алоқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102470/19/1024701978_0:0:5184:2916_1920x0_80_0_0_143d2cd1e66172c535ac985e9fd28375.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ҳолати исрофкорию азхудкунии маблағҳо дар як муассисаи Хадамоти алоқа гузориш додаст.Ба иттилои ин ниҳод, азхудкунии маблағи давлат дар Маркази алоқаи Почтаи шаҳри Ваҳдат, аз сӯи раҳбари он Т.Ҷ. ошкор шудааст.Манбаъ афзуд, зимни гузаронидани санҷиши молиявию хоҷагидорӣ дар фаъолияти маркази мазкур, ки дар тобеияти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон аст, беш аз 160 ҳазор сомонӣ камомад ошкаор шуд.Гуфта мешавад, ки давоми чаҳор соли ахир маркази мазкур муассисаҳои давлатӣ шаҳри Ваҳдатро бо як ҷамоат бо рӣзномаву нашрияҳои ҷумҳуриявӣ таъмин карда, маблағи обуна аз тарафи шахсони масъули Ҷамоат ҷамоъоварӣ ва ба директори он супорида шудааст.Тавзеҳ дода шудааст, ки Т.Ҷ. ҳамчун шахси мансабдор, бо қасди тасарруфи молу мулки давлат маблағи мазкурро ба хазинаи Марказ ворид накарда, бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф ва ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд.Ожонси зидди фасод мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати муттаҳам бар асоси моддаи 245 қисми 4 банди "б"-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз шудааст.Таъкид шудааст, ки дар рафти тафтиши пешакӣ зарари ба давлат расонидашуда ба пуррагӣ талофӣ шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.Ҳамакнун ин масъули Хадамоти алоқаро аз 131 то беш аз 194 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол интизор аст.
https://sputnik.tj/20240206/bozdosht-rahbar-muhosib-shirkat-sipar-kom-millionho-zarar-davlat-1061579717.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102470/19/1024701978_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_38d4205fa73bbbbeca8bd7510f1a6af7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт корманд хадамоти алоқа обу лойи пул обуна
боздошт корманд хадамоти алоқа обу лойи пул обуна
Боздошти корманди Хадамоти алоқа барои обу лойи даҳҳо ҳазор пули обуна
Ба дастгиршуда аз 131 то беш аз 194 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ва маҳрумият аз вазифаҳо интизор аст
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ҳолати исрофкорию азхудкунии маблағҳо дар як муассисаи Хадамоти алоқа гузориш додаст.
Ба иттилои ин ниҳод, азхудкунии маблағи давлат дар Маркази алоқаи Почтаи шаҳри Ваҳдат, аз сӯи раҳбари он Т.Ҷ. ошкор шудааст.
Манбаъ афзуд, зимни гузаронидани санҷиши молиявию хоҷагидорӣ дар фаъолияти маркази мазкур, ки дар тобеияти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон аст, беш аз 160 ҳазор сомонӣ камомад ошкаор шуд.
Гуфта мешавад, ки давоми чаҳор соли ахир маркази мазкур муассисаҳои давлатӣ шаҳри Ваҳдатро бо як ҷамоат бо рӣзномаву нашрияҳои ҷумҳуриявӣ таъмин карда, маблағи обуна аз тарафи шахсони масъули Ҷамоат ҷамоъоварӣ ва ба директори он супорида шудааст.
Тавзеҳ дода шудааст, ки Т.Ҷ. ҳамчун шахси мансабдор, бо қасди тасарруфи молу мулки давлат маблағи мазкурро ба хазинаи Марказ ворид накарда, бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф ва ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд.
Ожонси зидди фасод мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати муттаҳам бар асоси моддаи 245 қисми 4 банди "б"-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз шудааст.
Таъкид шудааст, ки дар рафти тафтиши пешакӣ зарари ба давлат расонидашуда ба пуррагӣ талофӣ шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.
Ҳамакнун ин масъули Хадамоти алоқаро аз 131 то беш аз 194 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол интизор аст.