https://sputnik.tj/20240315/rusiya-niyat-dorad-hamkorihoyashro-bo-viloyati-sughd-taqviyat-bakhshad--1062054750.html
Русия ният дорад ҳамкориҳояшро бо вилояти Суғд тақвият бахшад
Русия ният дорад ҳамкориҳояшро бо вилояти Суғд тақвият бахшад
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия дар Тоҷикистон дар дидор бо раиси вилояти Суғд гуфт, ки дар густариши ҳамкорӣ консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд, хизмат хоҳад кард.
2024-03-15T09:50+0500
2024-03-15T09:50+0500
2024-03-15T11:23+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
равобит
сафир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/0f/1062054585_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_179001d60f4e8da2e5951ca10d5cfd0d.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ва Консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин сатҳи ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ кард.Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабор додааст.Ҳамчунин зимни суҳбат ҷонибҳо сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи ду кишварро баррасӣ намуда аз сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Русия ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дошта, бо сармояи муштарак як қатор корхонаҳои саноатӣ дар вилоят фаъолият доранд.Зимни мулоқот оқои Аҳмадзода қайд кард, ки вилояти Суғд омода аст ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, дорусозӣ, сайёҳӣ, фарҳанг, илму маорифро боз ҳам тақвият бахшад.Дар ҳамин ҳол, сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев низ дар навбати худ барои таҳкими равобити дӯстона изҳори омодагӣ кард.Вай илова кард, ки дар густариши ҳамкорӣ консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин, ки нав ба ин вазифа таъин шудааст, хизмат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20240308/nizomiyoni-rusiya-tabriki-zanoni-sobiqador-1061976463.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/0f/1062054585_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_cd552af39a3398e11ee962fa3634dbbb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, суӯд, ҳамкорӣ, равобит, сафир, консулӣ
тоҷикистон, русия, суӯд, ҳамкорӣ, равобит, сафир, консулӣ
Русия ният дорад ҳамкориҳояшро бо вилояти Суғд тақвият бахшад
09:50 15.03.2024 (Навсозишуда: 11:23 15.03.2024) Сафири Русия дар Тоҷикистон дар дидор бо раиси вилояти Суғд гуфт, ки дар густариши ҳамкорӣ консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд, хизмат хоҳад кард.
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ва Консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин сатҳи ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабор додааст.
Ҳамчунин зимни суҳбат ҷонибҳо сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи ду кишварро баррасӣ намуда аз сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Русия ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дошта, бо сармояи муштарак як қатор корхонаҳои саноатӣ дар вилоят фаъолият доранд.
Зимни мулоқот оқои Аҳмадзода қайд кард, ки вилояти Суғд омода аст ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, дорусозӣ, сайёҳӣ, фарҳанг, илму маорифро боз ҳам тақвият бахшад.
Дар ҳамин ҳол, сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев низ дар навбати худ барои таҳкими равобити дӯстона изҳори омодагӣ кард.
Вай илова кард, ки дар густариши ҳамкорӣ консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин, ки нав ба ин вазифа таъин шудааст, хизмат хоҳад кард.