https://sputnik.tj/20240315/poygai-aspdavoni-karnaval-dushanbe-navruz-1062054969.html
Пойгаи аспдавонӣ ва карнавал дар Душанбе: Наврӯзро пойтахт чигуна ҷашн мегирад?
Пойгаи аспдавонӣ ва карнавал дар Душанбе: Наврӯзро пойтахт чигуна ҷашн мегирад?
Sputnik Тоҷикистон
Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ баргузор мешавад
2024-03-15T11:16+0500
2024-03-15T11:16+0500
2024-03-15T11:54+0500
дар тоҷикистон
аспдавонӣ
пойга
наврӯз
ҷашн
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/13/1061769023_0:184:3071:1911_1920x0_80_0_0_839ed0f1ac3f039bc7cdcf439351db6c.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе, бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, санаи 17 марти соли 2024, соати 15:00 дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе. Бояд гуфт, ки дар Душанбе таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз имсол ба моҳи шарифи Рамазон рост меояд ва ба ҳимин хотир ба иттилои мақомот тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ пас аз шом баргузор мегарданд.Ба иттилои манбаъ, шоми 19-20 март дар тамоми боғҳои шаҳр чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.Ба гуфтаи манбаъ, барномаҳои Наврӯзӣ дар боғи Куруши Кабири ноҳияи Шоҳмансур, дар боғи ба номи ба номи С. Айнӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ, дар боғи ба номи. Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ ва дар боғи Умари Хайёми ноҳияи Сино баргузор мешаванд.Барномаи асосии ҷашнӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба ифтихори Наврӯзи имсола дар пойтахт дар майдони Истиқлол рӯзи 21 март бо иштироки раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешавад.Бино ба иттилоъи шаҳрдорӣ, дар ин рӯз, тибқи қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ, карнавали Наврӯзӣ сурат мегирад ва инчунин барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва тантанаҳои идона баргузор мешаванд.
https://sputnik.tj/20230331/raqs-otashbozi-barnoma-notakror-tajlili-navruz-sugd-1055893077.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/13/1061769023_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_f02c9d571a41cbf936789d84e0a1a139.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, наврӯз, ҷашн, аспдавонӣ, карнавал, пойтахт, душанбе
тоҷикистон, наврӯз, ҷашн, аспдавонӣ, карнавал, пойтахт, душанбе
Пойгаи аспдавонӣ ва карнавал дар Душанбе: Наврӯзро пойтахт чигуна ҷашн мегирад?
11:16 15.03.2024 (Навсозишуда: 11:54 15.03.2024) Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе, бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, санаи 17 марти соли 2024, соати 15:00 дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.
Бояд гуфт, ки дар Душанбе таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз имсол ба моҳи шарифи Рамазон рост меояд ва ба ҳимин хотир ба иттилои мақомот тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ пас аз шом баргузор мегарданд.
Ба иттилои манбаъ, шоми 19-20 март дар тамоми боғҳои шаҳр чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.
Ба гуфтаи манбаъ, барномаҳои Наврӯзӣ дар боғи Куруши Кабири ноҳияи Шоҳмансур, дар боғи ба номи ба номи С. Айнӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ, дар боғи ба номи. Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ ва дар боғи Умари Хайёми ноҳияи Сино баргузор мешаванд.
Барномаи асосии ҷашнӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба ифтихори Наврӯзи имсола дар пойтахт дар майдони Истиқлол рӯзи 21 март бо иштироки раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешавад.
Бино ба иттилоъи шаҳрдорӣ, дар ин рӯз, тибқи қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ, карнавали Наврӯзӣ сурат мегирад ва инчунин барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва тантанаҳои идона баргузор мешаванд.