https://sputnik.tj/20240314/zavqizoda-siyosat-iqtisodi-tojikiston-muvaffaq-1062045713.html
Завқизода: Созмонҳои байналмилалӣ сиёсати иқтисодии Тоҷикистонро муваффақ арзёбӣ намуданд
Завқизода: Созмонҳои байналмилалӣ сиёсати иқтисодии Тоҷикистонро муваффақ арзёбӣ намуданд
Sputnik Тоҷикистон
Новобаста аз таъсири манфии буҳронҳои глобалии иқтисодӣ дар давоми солҳои 2015 – 2023 Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст
2024-03-14T14:59+0500
2024-03-14T14:59+0500
2024-03-15T11:56+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
вазорати рушди иқтисод ва савдои тоҷикистон
сатҳи камбизоатӣ
таҷриба
мушкилот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/0e/1062045539_0:97:1280:817_1920x0_80_0_0_b447216ab85f3c91f14920ecb3c5d1c4.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ахиран вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар Форуми Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар доираи Комиссияи Иқтисодии СММ барои минтақаи Аврупо, аз дастовардҳои кишварр дар иқтисод ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ суханронӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат. Ба гуфтаи вазири тоҷик Тоҷикистон дар татбиқи Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.Вай таъкид кард, ки новобаста аз таъсири манфии буҳронҳои глобалии иқтисодӣ дар давоми солҳои 2015 – 2023 рушди миёнасолонаи иқтисодии кишвар 7,5 фоиз таъмин гардид.“Дар ин давра Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ се баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ 1,6 маротиба коҳиш ёфт ва дар натиҷа созмонҳои байналмилалии молиявӣ таҷрибаи Тоҷикистонро дар ин самт таҷрибаи муваффақ арзёбӣ намуданд”,- зикр кард оқои Завқизода.Бояд қайд кард, ки дар Форуми мазкур муколамаи сатҳи баланд байни кишварҳои аъзои Комиссияи Иқтисодии СММ барои минтақаи Аврупо доир гардида, иштироккунандагон вобаста ба дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда дар татбиқи пурраи Рӯзномаи 2030 табодули афкор намуданд.Зикр гардидааст, ки ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин дар ҷаласаҳои ҷудогонаи Форум вобаста ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ (ҲРУ 1) ва густариши ҳамкориҳо дар самти гузариш ба рақамигардонӣ (ҲРУ 17) иштирок ва суханронӣ намуд.
https://sputnik.tj/20231228/rakhmon-1061095661.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/0e/1062045539_0:0:1260:945_1920x0_80_0_0_cd01fe8b3a3a1ab805fb2da98c645bed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иқтисод, сатҳи камбизоатӣ, таҷриба, созмонҳои байналмилалӣ, дастовард
тоҷикистон, иқтисод, сатҳи камбизоатӣ, таҷриба, созмонҳои байналмилалӣ, дастовард
Завқизода: Созмонҳои байналмилалӣ сиёсати иқтисодии Тоҷикистонро муваффақ арзёбӣ намуданд
14:59 14.03.2024 (Навсозишуда: 11:56 15.03.2024) Новобаста аз таъсири манфии буҳронҳои глобалии иқтисодӣ дар давоми солҳои 2015 – 2023 Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ахиран вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар Форуми Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар доираи Комиссияи Иқтисодии СММ барои минтақаи Аврупо, аз дастовардҳои кишварр дар иқтисод ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ суханронӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.
Ба гуфтаи вазири тоҷик Тоҷикистон дар татбиқи Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Вай таъкид кард, ки новобаста аз таъсири манфии буҳронҳои глобалии иқтисодӣ дар давоми солҳои 2015 – 2023 рушди миёнасолонаи иқтисодии кишвар 7,5 фоиз таъмин гардид.
“Дар ин давра Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ се баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ 1,6 маротиба коҳиш ёфт ва дар натиҷа созмонҳои байналмилалии молиявӣ таҷрибаи Тоҷикистонро дар ин самт таҷрибаи муваффақ арзёбӣ намуданд”,- зикр кард оқои Завқизода.
Бояд қайд кард, ки дар Форуми мазкур муколамаи сатҳи баланд байни кишварҳои аъзои Комиссияи Иқтисодии СММ барои минтақаи Аврупо доир гардида, иштироккунандагон вобаста ба дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда дар татбиқи пурраи Рӯзномаи 2030 табодули афкор намуданд.
Зикр гардидааст, ки ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин дар ҷаласаҳои ҷудогонаи Форум вобаста ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ (ҲРУ 1) ва густариши ҳамкориҳо дар самти гузариш ба рақамигардонӣ (ҲРУ 17) иштирок ва суханронӣ намуд.