https://sputnik.tj/20240314/iiao-hamkori-mughuliston-taqviyat-mebkhshad-1062047147.html
ИИАО ҳамкориҳояшро бо Муғулистон тақвият мебахшад
ИИАО ҳамкориҳояшро бо Муғулистон тақвият мебахшад
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тақвияти ҳамкорӣ бо Муғулистонро яке аз самтҳои афзалиятноки ин созмон медонанд
2024-03-14T17:46+0500
2024-03-14T17:46+0500
2024-03-14T18:21+0500
русия
дар русия
муғулистон
ииао
ҳамкорӣ
тақвият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061205909_0:156:3088:1893_1920x0_80_0_0_a0391f5d35aa86735e1e11e02370af93.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Намояндаи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бакитҷон Сагинтаев бо муовини сарвазир – вазири иқтисод ва рушди Муғулистон Чимэдийн Хүрэлбаатар дидору мулоқот кард.Ҷонибҳо пеш аз оғози машваратҳо дар мавриди имзои созишномаи муваққатии тиҷоратӣ миёни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Муғулистон ва як қатор масъалаҳои мубрамро баррасӣ карданд.Бакитҷон Сагинтаев зимни музокира қайд кард, ки кишварҳои узви ИИАО тақвияти ҳамкорӣ бо Муғулистонро яке аз самтҳои афзалиятноки рӯзномаи байналмилалии ин созмон медонанд.Бастани созишномаи муваққатии тиҷорӣ ба тавсеаи дастрасии молҳо ба бозори умумии ИИАО, содда кардани тиҷорат, аз ҷумла тавассути коҳиш ва рафъи монеаҳои таруфаҳо ва ғайритаруфаҳо, инчунин афзоиши гардиши савдои хориҷӣ бо Муғулистон мусоидат хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти Русия гуфта буд, ки Муғулистон метавонад тавассути ҳамкорӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕОИИ) ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) гардиши молро бо Русия афзоиш диҳад.Раиси Думаи давлатии Русия таъкид намуд ,ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳарчи бештар барои кишварҳои дигар ҷолиб шуда истодааст ва бисёриҳо мехоҳанд, вориди ин созмон шаванд."Дар соли 2022 гардиши моли Русия ва Муғулистон тақрибан 42% афзоиш ёфта, ба сатҳи рекордии 2,6 млрд доллар расид. Мо бояд ин сатҳро нигоҳ дорем ва афзоиш диҳем", - қайд карда буд Володин.
https://sputnik.tj/20240313/samthoi-rushd-hamkori-iiao-energiyai-barqarorshavanda-1062039639.html
русия
муғулистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061205909_179:0:2910:2048_1920x0_80_0_0_a55459ce086529fac12a3aebae5bee10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ииао, ҳамкорӣ, тақвият, муғулистон, иқтисод
русия, ииао, ҳамкорӣ, тақвият, муғулистон, иқтисод
ИИАО ҳамкориҳояшро бо Муғулистон тақвият мебахшад
17:46 14.03.2024 (Навсозишуда: 18:21 14.03.2024) Кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тақвияти ҳамкорӣ бо Муғулистонро яке аз самтҳои афзалиятноки ин созмон медонанд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Намояндаи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бакитҷон Сагинтаев бо муовини сарвазир – вазири иқтисод ва рушди Муғулистон Чимэдийн Хүрэлбаатар дидору мулоқот кард.
Ҷонибҳо пеш аз оғози машваратҳо дар мавриди имзои созишномаи муваққатии тиҷоратӣ миёни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Муғулистон ва як қатор масъалаҳои мубрамро баррасӣ карданд.
Бакитҷон Сагинтаев зимни музокира қайд кард, ки кишварҳои узви ИИАО тақвияти ҳамкорӣ бо Муғулистонро яке аз самтҳои афзалиятноки рӯзномаи байналмилалии ин созмон медонанд.
Бастани созишномаи муваққатии тиҷорӣ ба тавсеаи дастрасии молҳо ба бозори умумии ИИАО, содда кардани тиҷорат, аз ҷумла тавассути коҳиш ва рафъи монеаҳои таруфаҳо ва ғайритаруфаҳо, инчунин афзоиши гардиши савдои хориҷӣ бо Муғулистон мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти Русия гуфта буд, ки Муғулистон метавонад тавассути ҳамкорӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕОИИ) ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) гардиши молро бо Русия афзоиш диҳад.
Раиси Думаи давлатии Русия таъкид намуд ,ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳарчи бештар барои кишварҳои дигар ҷолиб шуда истодааст ва бисёриҳо мехоҳанд, вориди ин созмон шаванд.
"Дар соли 2022 гардиши моли Русия ва Муғулистон тақрибан 42% афзоиш ёфта, ба сатҳи рекордии 2,6 млрд доллар расид. Мо бояд ин сатҳро нигоҳ дорем ва афзоиш диҳем", - қайд карда буд Володин.