https://sputnik.tj/20240311/bonkdoroni-iiao-shevai-sarmoyaguzorihoi-jadid-1061996466.html
Ба бонкдорони ИИАО шеваи сармоягузориҳои тарҳҳои фаромиллиро тавзеҳ доданд
Ба бонкдорони ИИАО шеваи сармоягузориҳои тарҳҳои фаромиллиро тавзеҳ доданд
Sputnik Тоҷикистон
Ин аввалин воситаи фаромиллии дастгирии молиявии бахши воқеии иқтисод дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад, ки ҳадафи он рушди саноат арзёбӣ мегардад
2024-03-11T14:30+0500
2024-03-11T14:30+0500
2024-03-11T14:30+0500
ииао
иқтисод
саноат
молия
иттиҳоди иқтисодии уросиё
шӯро
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/19/1061054029_0:236:3222:2048_1920x0_80_0_0_15f43cc65a4c77ddf8548dc204fab64e.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ба намояндагони беш аз 30 бонки кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё механизми маблағгузории кооператсияи саноатӣ ва ҷузъиёти татбиқи амалии он пешниҳод карда шуд, хабар дод Комиссияи иқтисодии АвруОсиё. Ба иттилои КИАО, ба бонкдорон аз ҷумла меъёрҳои интихоби лоиҳаҳо, талабот барои қарзгирандагон ва ташкилотҳои молиявӣ, имкони бозтамвили лоиҳаҳои амалкунанда, инчунин хавфҳое, ки ҳангоми татбиқи механизм ба вуҷуд меоянд, муфассал баррасӣ шуданд. Муовини директори департаменти сиёсати саноатии КИАО, Георгий Арзуманян қайд кард, ки ин аввалин воситаи фаромиллии дастгирии молиявии бахши воқеии иқтисод дар ИИАО мебошад. Ӯ афзуд, ки ҳоло тарҳ дар ҳолати озмоишӣ роҳандозӣ мешавад ва дар ин марҳила иштирокчиёни лоиҳа саволҳои зиёд доранд."Барои мо хеле муҳим аст, ки ҳама дар бораи он ки механизми нав чӣ гуна кор хоҳад кард, фаҳмиши дақиқ дошта бошад, аз ин рӯ мо корҳои фаҳмондадиҳиро пеш мебарем. Мо ба кор бо бонкҳо, ки муҳимтарин ҷузъи тарҳи нави мо мебошанд, аҳамияти махсус медиҳем", - афзуд вай. Дар сурати ба миён омадани саволҳо, КИАО омода аст, ки ба бонкдорон ёрии ҳамаҷонибаи машваратӣ расонад, изҳор дошт Арзуманян. Моҳи октябри соли 2023 Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё низомномаро дар бораи интихоби лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва расонидани кумаки молиявӣ дар татбиқи онҳо аз ҷониби давлатҳои ИИАО тасдиқ карда буд.
https://sputnik.tj/20240310/azmi-iiao-tashkil-bozor-mushtarak-energetiki-1061986847.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/19/1061054029_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_4a2db18cd30c43fc7e49fc6ed26d2002.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рушд, бонкдорон, истироҳат, иттиқоди иқтисодии авруосиё
рушд, бонкдорон, истироҳат, иттиқоди иқтисодии авруосиё
Ба бонкдорони ИИАО шеваи сармоягузориҳои тарҳҳои фаромиллиро тавзеҳ доданд
Ин аввалин воситаи фаромиллии дастгирии молиявии бахши воқеии иқтисод дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад, ки ҳадафи он рушди саноат арзёбӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ба намояндагони беш аз 30 бонки кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё механизми маблағгузории кооператсияи саноатӣ ва ҷузъиёти татбиқи амалии он пешниҳод карда шуд, хабар дод Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Ба иттилои КИАО, ба бонкдорон аз ҷумла меъёрҳои интихоби лоиҳаҳо, талабот барои қарзгирандагон ва ташкилотҳои молиявӣ, имкони бозтамвили лоиҳаҳои амалкунанда, инчунин хавфҳое, ки ҳангоми татбиқи механизм ба вуҷуд меоянд, муфассал баррасӣ шуданд.
Муовини директори департаменти сиёсати саноатии КИАО, Георгий Арзуманян қайд кард, ки ин аввалин воситаи фаромиллии дастгирии молиявии бахши воқеии иқтисод дар ИИАО мебошад.
Ӯ афзуд, ки ҳоло тарҳ дар ҳолати озмоишӣ роҳандозӣ мешавад ва дар ин марҳила иштирокчиёни лоиҳа саволҳои зиёд доранд.
"Барои мо хеле муҳим аст, ки ҳама дар бораи он ки механизми нав чӣ гуна кор хоҳад кард, фаҳмиши дақиқ дошта бошад, аз ин рӯ мо корҳои фаҳмондадиҳиро пеш мебарем. Мо ба кор бо бонкҳо, ки муҳимтарин ҷузъи тарҳи нави мо мебошанд, аҳамияти махсус медиҳем", - афзуд вай.
Дар сурати ба миён омадани саволҳо, КИАО омода аст, ки ба бонкдорон ёрии ҳамаҷонибаи машваратӣ расонад, изҳор дошт Арзуманян.
Моҳи октябри соли 2023 Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё низомномаро дар бораи интихоби лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва расонидани кумаки молиявӣ дар татбиқи онҳо аз ҷониби давлатҳои ИИАО тасдиқ карда буд.