https://sputnik.tj/20240309/rahmon-margtalab-tojik-kishvarho-tarkondaand-1061982975.html
Раҳмон: 24 маргталаби тоҷик дар кишварҳои хориҷ худро таркондаанд
Раҳмон: 24 маргталаби тоҷик дар кишварҳои хориҷ худро таркондаанд
Sputnik Тоҷикистон
Президент гуфт, ин амалҳо аз сӯи гурӯҳҳои манфиатҷӯй тарҳрезӣ мешаванд ва аз бемаърифатӣ ва бетаҷрибагии баъзе ҷавоноти тоҷик истифода мекунанд
2024-03-09T17:44+0500
2024-03-09T17:44+0500
2024-03-09T17:44+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
террористӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102664/92/1026649205_0:0:2000:1125_1920x0_80_0_0_821fdb579b1082486d0bd0049dfdf016.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат зимни суҳбат бо фаъолону ходимони динӣ гуфт, дар се соли охир 24 шаҳрванди Тоҷикистон дар 10 кишвари ҷаҳон худро дар анбӯҳи одамон таркондаанд.Ӯ гуфт, ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ иснод оварда истодааст.Ба боварии президент, ин амалҳо аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯй ва хадамоти махсуси баъзе кишварҳо тарҳрезӣ мешаванд ва онҳо аз бемаърифативу бетаҷрибагӣ ва ноогоҳии баъзе ҷавонони тоҷик истифода мекунанд.Дар идома ӯ гуфт, аз ҳадафҳои ғаразноки душманони миллати тоҷик огоҳанд ва ҷиҳати пешгирии онҳо тамоми чораҳои заруриро меандешанд.Раҳмон гуфт, ҳоло 4075 нафар шаҳрвандони кишвар барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарор доранд.Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли гузашта дар оромгоҳи машҳури бостонии Шоҳчароғ дар Шерози Эрон ҳамлаи террористӣ сурат гирифт. Яке аз ҳамлагарон, ки сӯи мардум оташ кушод, шаҳрванди 25 - солаи Тоҷикистон буд.Додгоҳи Эрон ӯро ба ҳукми эъдлм маҳкум кард.Бояд гуфт, моҳи ноябри соли 2022 низ ин оромгоҳ мавриди ҳамлаи террористон қарор гирифт. Ба иттилои мақомоти ин кишвар ҳамлагарон шаҳрвандони Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Афғонистон будаанд.
https://sputnik.tj/20230921/eron-zodai-tojikiston-hukmi-qatl-tafsilot-1059520522.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102664/92/1026649205_0:0:1772:1329_1920x0_80_0_0_516714bed34ac6671f2f800449197209.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон маргтабал тоҷик
эмомалӣ раҳмон маргтабал тоҷик
Раҳмон: 24 маргталаби тоҷик дар кишварҳои хориҷ худро таркондаанд
Президент гуфт, ин амалҳо аз сӯи гурӯҳҳои манфиатҷӯй тарҳрезӣ мешаванд ва аз бемаърифатӣ ва бетаҷрибагии баъзе ҷавоноти тоҷик истифода мекунанд
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат зимни суҳбат бо фаъолону ходимони динӣ гуфт, дар се соли охир 24 шаҳрванди Тоҷикистон дар 10 кишвари ҷаҳон худро дар анбӯҳи одамон таркондаанд.
Ӯ гуфт, ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ иснод оварда истодааст.
Ба боварии президент, ин амалҳо аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯй ва хадамоти махсуси баъзе кишварҳо тарҳрезӣ мешаванд ва онҳо аз бемаърифативу бетаҷрибагӣ ва ноогоҳии баъзе ҷавонони тоҷик истифода мекунанд.
"Худкушӣ на ҷиҳод, балки гуноҳи азим ва хилофи таълимоту талаботи дини мубини ислом мебошад", - тавзеҳ дод роҳбари давлат.
Дар идома ӯ гуфт, аз ҳадафҳои ғаразноки душманони миллати тоҷик огоҳанд ва ҷиҳати пешгирии онҳо тамоми чораҳои заруриро меандешанд.
Раҳмон гуфт, ҳоло 4075 нафар шаҳрвандони кишвар барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли гузашта дар оромгоҳи машҳури бостонии Шоҳчароғ дар Шерози Эрон ҳамлаи террористӣ сурат гирифт. Яке аз ҳамлагарон, ки сӯи мардум оташ кушод, шаҳрванди 25 - солаи Тоҷикистон буд.
Додгоҳи Эрон ӯро ба ҳукми эъдлм маҳкум кард.
Бояд гуфт, моҳи ноябри соли 2022 низ ин оромгоҳ мавриди ҳамлаи террористон қарор гирифт. Ба иттилои мақомоти ин кишвар ҳамлагарон шаҳрвандони Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Афғонистон будаанд.