https://sputnik.tj/20240308/tojikiston-khostori-otashbasi-favri-falastin-1061972496.html
Тоҷикистон бори дигари хостори оташбаси фаврӣ дар Фаластин шуд
Тоҷикистон бори дигари хостори оташбаси фаврӣ дар Фаластин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон бори дигари хостори оташбас дар Фаластин шуд ва аз ҷомеъаи ҷаҳонии хост то иқдомоте барои дастёбӣ ба сулҳ дар минтақа аз тариқи гуфтугӯ анҷом диҳад
2024-03-08T12:16+0500
2024-03-08T12:16+0500
2024-03-08T13:02+0500
дар тоҷикистон
сироҷиддин муҳриддин
вух-и тоҷикистон
фаластин
оташбас
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/08/1061972331_0:0:801:450_1920x0_80_0_0_3ad36bfeab71609c110114024bcaa640.jpg
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Даъвати мақомдорони Тоҷикистон ба сулҳ дар Фаластин дар Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Ҷидда садо дод. Вазири корщои хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти фавқулоддаи созмони мазкур аз ҷомеаи ҷаҳонии хост, то иқдомоти муассире барои оташбаси фаврӣ дар Фаластин ва дастёбӣ ба сулҳи пойдор дар минтақа аз тариқ гуфтугӯ анҷом диҳад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти баландпояи Тоҷикистон аз қатъномае ки хостори "оташбаси башардӯстонаи фаврӣ, доимӣ ва пойдор" дар навори Ғазза буд , ҳимоят кард.Тоҷикистон дар октябри 2023 аз қатъномаи мушобеҳе ҳимоят карда буд.Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар нишаст муштараки иттиҳодияи кишварҳои арабӣ ва Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Риёз дар 11 ноябри 2023 куштори ҳазорон ғайринизомӣ ва тахриби зерсохтҳои ҳаётӣ дар Ғаззаро маҳкӯм карда буд.Вай ҳамчунин аз ташкили кишвари Фаластин дар марзҳои 1967 ба пойтахти Байтулмуқаддаси шарқӣ ҳимоят карда буд.Созмони Ҳамкории Исломӣ нишасти изтирории вузарои хориҷаи кишварҳои исломиро ахиран дар шаҳри Ҷидда барои баррасии авзоъи Ғазза баргузор кард.
https://sputnik.tj/20240118/lavrof-tasis-davlat-mustaqil-falastin-muhim-1061325982.html
фаластин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/08/1061972331_100:0:700:450_1920x0_80_0_0_c38ac9105fe22ba20ebf20a32b0fc264.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сҳи, фаластин, хостор, оташбас, сироҷиддин муҳриддин, вух
тоҷикистон, сҳи, фаластин, хостор, оташбас, сироҷиддин муҳриддин, вух
Тоҷикистон бори дигари хостори оташбаси фаврӣ дар Фаластин шуд
12:16 08.03.2024 (Навсозишуда: 13:02 08.03.2024) Тоҷикистон бори дигари хостори оташбас дар Фаластин шуд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост то иқдомоте барои дастёбӣ ба сулҳ дар минтақа аз тариқи гуфтугӯ анҷом диҳад
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Даъвати мақомдорони Тоҷикистон ба сулҳ дар Фаластин дар Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Ҷидда садо дод.
Вазири корщои хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти фавқулоддаи созмони мазкур аз ҷомеаи ҷаҳонии хост, то иқдомоти муассире барои оташбаси фаврӣ дар Фаластин ва дастёбӣ ба сулҳи пойдор дар минтақа аз тариқ гуфтугӯ анҷом диҳад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти баландпояи Тоҷикистон аз қатъномае ки хостори "оташбаси башардӯстонаи фаврӣ, доимӣ ва пойдор" дар навори Ғазза буд , ҳимоят кард.
Тоҷикистон дар октябри 2023 аз қатъномаи мушобеҳе ҳимоят карда буд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар нишаст муштараки иттиҳодияи кишварҳои арабӣ ва Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Риёз дар 11 ноябри 2023 куштори ҳазорон ғайринизомӣ ва тахриби зерсохтҳои ҳаётӣ дар Ғаззаро маҳкӯм карда буд.
Вай ҳамчунин аз ташкили кишвари Фаластин дар марзҳои 1967 ба пойтахти Байтулмуқаддаси шарқӣ ҳимоят карда буд.
Созмони Ҳамкории Исломӣ нишасти изтирории вузарои хориҷаи кишварҳои исломиро ахиран дар шаҳри Ҷидда барои баррасии авзоъи Ғазза баргузор кард.