Афзоиши тамаъ ба боигариҳои Осиёи Марказӣ: ҳушдори коршинос - видео

Обуна шудан
Таҳлилгари Осиёи Марказӣ аз афзоиши таваҷҷуҳ ба боигариҳои зеризаминии минтақа гуфта, ҳушдор дод, ки худи кишварҳо метавонанд аз ин камтар фоида бинанд
Ҳайатҳои мухталиф, аз ҷумла доираҳои соҳибкорӣ вақтҳои охир ба минтақаҳои Осиёи Марказӣ бештар равона мешаванд ва Ғарб ба боигариҳои минтақа чашм аъло кардаст.
Ин нуктаро мудири Маркази ташаббусҳои таҳқиқотии Ma'no Бахтиёр Эргашев баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, Осиёи Марказӣ дорои захираҳои ҷиддии боигариҳои зеризаминӣ мебошад ва на танҳо таваҷҷуҳи ИМА ба он зиёд шуда истодааст. Ғарб дар минтақа бо назардошти афзоиши нуфузи Чин шарикони ҷадид мехоҳад.
Ӯ зикр намуд, ки Осиёи Марказӣ бо 3 қудрати ҷаҳони ташаккулёбандаи бисёрқутбӣ - Русия, Чин ва Ҳинд ҳаммарз мебошоад, ки оташ андохтан ба он минтақаро дучори хатари ҷиддӣ мекунад.
Раҳмон хостори ҳисоби беҳтари боигариҳои Тоҷикистон шуд
Агар дар Осиёи Марказӣ оташ андозад, дар маркази АвруОсиё бесарусомонӣ хоҳад буд, ки сатҳи минтақавӣ хоҳанд буд, ҳушдор дод Эргашев.
Дар мавриди боигариҳо таъкид намуд, ки одатан онро сармоягузорон бо суди кам барои худи кишварҳо содир мекунанд ва дар ин масъала Ғарб чизи наве пешниҳод накарда истодааст.
Вай таъкид намуд, ки одатан дар чунин тарҳҳо сармоядорон манфиатҳои худро боло мегузоранду бо кишварҳо созишномаҳоеро имзо мекунанд, ки тибқи он суди асосиро худи сармоядорон мегиранд.
Ба гуфтаи Эргашев сафари ҳайатҳо ва музокирот бо кишварҳои минтақа дар ин самтҳо майли афзоиш доранд.
Лентаи хабарҳо
0