Натиҷаи қуръакашӣ барои чемпионати Тоҷикистон: Тимҳои рақиб маълум шуданд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкЖеребьевка второго раунда отборочного турнира чемпионата мира
Жеребьевка второго раунда отборочного турнира чемпионата мира - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2024
Обуна шудан
Мавсими нави чемпионати Тоҷикистон дар ду давра ба нақша гирифта шудааст, ки ҳар як даста дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам сабқат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Натиҷаи қуръакашӣ барои бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои лигаи олӣ анҷом ёфт.
Дар 33-юмин чемпионати Тоҷикистон 12 бошгоҳ иштирок хоҳанд кард, ки сабқат дар ду давр сурат мегирад.
Иштирокдорон"Истиқлол", КМВА (аз Душанбе), "Равшан" (Кӯлоб), "Эсхата", "Хуҷанд" ( аз Хуҷанд), "Ҳосилот" (Фархор), "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода), "Вахш" (Бохтар), "Куктош" (Рӯдакӣ), "Панҷшер" (Ҷалолиддини Балхӣ), "Истаравшан" (Истаравшан) ва "Барқчӣ" (Ҳисор) мебошанд.
Национальная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2024
Тағйирот дар футболи тоҷик баъди маҷлиси Рустами Эмомалӣ
Дар бозиҳои даври аввал "Хуҷанд" - "Эсхата", "Ҳосилот" - "Куктош", "Регар-ТадАЗ" - "Вахш", "Истиқлол" - "Истаравшан", "Барқчӣ" - "Равшан" ва "Панҷшер" - КМВА зӯр меозмоянд.
Даври якуми 33-юмин чемпионати Тоҷикистон 2024 рӯзҳои 6-ум ва 7-уми сурат мегирад.
Ҳар як даста дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ мекунанд. Умуман, дар мавсим ҳар як тим 22 вохӯрӣ мегузаронад.
Дастае, ки дар лигаи олӣ дар мавсими соли 2024 мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум меравад ва дастае, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0