https://sputnik.tj/20240307/amniyat-dilsuzi-sagho-besohib-sughd-video-1061965636.html
Амният ё дилсӯзӣ: бо сагҳои бесоҳиб дар Суғд чӣ бояд кард - видео
Амният ё дилсӯзӣ: бо сагҳои бесоҳиб дар Суғд чӣ бояд кард - видео
Sputnik Тоҷикистон
Маъмурияти Хуҷанд 4 сол пеш аз бунёди паноҳгоҳ барои сагҳои бесоҳиб хабар дода буд, ки бо ин роҳ мебоист мушкили ҳайвоноти бесоҳибро ҳал мекард.
2024-03-07T17:45+0500
2024-03-07T17:45+0500
2024-03-07T18:51+0500
видео
суғд
саг
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/07/1061970052_32:0:1673:923_1920x0_80_0_0_71b8ecc7d81174ec33fc6216a8548b90.jpg
Соли гузашта ҳудуди 4 ҳазор сокини вилояти Суғд аз ҳамлаи сагу гурбаҳои бесоҳиб ранҷ бурдаанд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон муовини директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Рустамҷон Солиев хабар дод. Қаблан масъулини ҳукумати Хуҷанд аз бунёди паноҳгоҳ барои сагҳои бесоҳиб хабар дода буданд. Аммо аз он замон 4 сол гузашт, вале кор аз ваъда берун нарафт. Ба гуфтаи сокинон, вақтҳои охир теъдоди сагҳои бесоҳиб афзоиш ёфта, хатари ҳамлаи чунин ҷонварон зиёд шудааст. Муқаддам Кориева, ки дар маҳаллаи 14-15-и шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад, мегӯяд, шавҳараш аз ҳамлаи саг ранҷ мебурд. Ҳоло онҳо метарсанд, ки сагҳо ба фарзандонашон ҳамла кунанд. Дафтари Идораи назорати беҳдоштӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, ки дар як соли ахир онҳо беш аз 5 ҳазор саги бесоҳибро нобуд кардаанд. Аммо шумораи онҳо дар кӯчаҳои шаҳрҳои Суғд ҳоло ҳам меафзояд. Ба гуфтаи Рустамҷон Солиев, мушкили ҳамлаи ҳайвонот хеле ҷиддӣ аст ва танҳо дар якҷоягӣ метавон ҳал кард. Вай аз масъулини дигар ниҳодҳои давлатӣ даъват кард, ки дар ин кор ширкат кунанд. Солиев барпо намудани сарпаноҳ барои сагҳои бесоҳиб яке аз тадбирҳои самарабахш донист. Дар Хуҷанд сирри тоза нигоҳ доштани шаҳрро гуфтандДар оғози соли 2020 Маъруф Муҳаммадзода, собиқ раиси шаҳри Хуҷанд дар як нишасти хабарӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи афзоиши сагҳои бесоҳиб гуфт, “нобуд кардани ҳайвонҳои бесоҳиб кори дуруст нест аз нуктаи назари инсоният". Вай ваъда дод, ки дар шаҳр барои нигоҳубини сагҳои бесоҳиб паноҳгоҳ сохта мешавад. Соли 2021 Муҳаммадзода аз вазифаи раиси шаҳр барканор ва мудири шуъбаи сохтмони ҳукумати вилояти Суғд таъин шуд ва ваъдааш дар сухан боқӣ монд.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/07/1061970052_237:0:1468:923_1920x0_80_0_0_90221be332ae8a5df70b937c38b4bd92.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амният дилсӯз сагҳои бесоҳиб суғд видео
амният дилсӯз сагҳои бесоҳиб суғд видео
Амният ё дилсӯзӣ: бо сагҳои бесоҳиб дар Суғд чӣ бояд кард - видео
17:45 07.03.2024 (Навсозишуда: 18:51 07.03.2024) Маъмурияти Хуҷанд 4 сол пеш аз бунёди паноҳгоҳ барои сагҳои бесоҳиб хабар дода буд, ки бо ин роҳ мебоист мушкили ҳайвоноти бесоҳибро ҳал мекард.
Соли гузашта ҳудуди 4 ҳазор сокини вилояти Суғд аз ҳамлаи сагу гурбаҳои бесоҳиб ранҷ бурдаанд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон муовини директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Рустамҷон Солиев хабар дод.
Қаблан масъулини ҳукумати Хуҷанд аз бунёди паноҳгоҳ барои сагҳои бесоҳиб хабар дода буданд. Аммо аз он замон 4 сол гузашт, вале кор аз ваъда берун нарафт.
"Соли 2023 бар асари ҳамлаи сагу гурбаҳои бесоҳиб аз ҷумла 1228 ҳолати осебгирии вазнин, 1831 ҳолати осеби миёна ва дар 940 маврид сокинон осеби сабук бардоштаанд”,– гуфт, Солиев.
Ба гуфтаи сокинон, вақтҳои охир теъдоди сагҳои бесоҳиб афзоиш ёфта, хатари ҳамлаи чунин ҷонварон зиёд шудааст.
Муқаддам Кориева, ки дар маҳаллаи 14-15-и шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад, мегӯяд, шавҳараш аз ҳамлаи саг ранҷ мебурд. Ҳоло онҳо метарсанд, ки сагҳо ба фарзандонашон ҳамла кунанд.
"Ҳар субҳу ҳар бегоҳ фарзандонамонро аз тарси он ки сагҳо ба онҳо ҳамла мекунанд, ҳамроҳӣ карда, ба мактаб бармегардем. Вақтҳои охир бо онҳо зуд-зуд вомехӯрем", - гуфт Кориева.
Дафтари Идораи назорати беҳдоштӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, ки дар як соли ахир онҳо беш аз 5 ҳазор саги бесоҳибро нобуд кардаанд. Аммо шумораи онҳо дар кӯчаҳои шаҳрҳои Суғд ҳоло ҳам меафзояд.
Ба гуфтаи Рустамҷон Солиев, мушкили ҳамлаи ҳайвонот хеле ҷиддӣ аст ва танҳо дар якҷоягӣ метавон ҳал кард. Вай аз масъулини дигар ниҳодҳои давлатӣ даъват кард, ки дар ин кор ширкат кунанд.
Солиев барпо намудани сарпаноҳ барои сагҳои бесоҳиб яке аз тадбирҳои самарабахш донист.
Дар оғози соли 2020 Маъруф Муҳаммадзода, собиқ раиси шаҳри Хуҷанд дар як нишасти хабарӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи афзоиши сагҳои бесоҳиб гуфт, “нобуд кардани ҳайвонҳои бесоҳиб кори дуруст нест аз нуктаи назари инсоният".
Вай ваъда дод, ки дар шаҳр барои нигоҳубини сагҳои бесоҳиб паноҳгоҳ сохта мешавад. Соли 2021 Муҳаммадзода аз вазифаи раиси шаҳр барканор ва мудири шуъбаи сохтмони ҳукумати вилояти Суғд таъин шуд ва ваъдааш дар сухан боқӣ монд.