https://sputnik.tj/20240305/zang-rahmon-sarvazir-tozaintikhob-pokiston-1061941075.html
Занги Раҳмон ба сарвазири тозаинтихоби Покистон
Занги Раҳмон ба сарвазири тозаинтихоби Покистон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон тавсеаи шарикӣ бо Покистон бар пояи анъанаҳои неки дерина, усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод таъкид кард
2024-03-05T13:20+0500
2024-03-05T13:20+0500
2024-03-05T13:20+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
покистон
сарвазир
интихоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102179/00/1021790015_0:0:2956:1663_1920x0_80_0_0_800545d1f7d9d3496413551450d60486.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Дар пайи ирсоли барқияи шодбошӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири тозаинтихоби Покистон, Шаҳбоз Шариф занг заду табрик намуд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон дар оғози суҳбат ба Шариф сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин дар фаъолияти давлатӣ таманно кард. Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баррасӣ карданд, афзуд манбаъ. Дар ин зимн ҷараёни устувори рушду тавсеаи маҷмӯи муносибатҳои шарикии ду давлат бар пояи анъанаҳои неки дерина, усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод таъкид гардид, омадааст дар иттилоия. Раҳмон аҳаммияти хоссаи идомаи муколамаи байнидавлатии ду кишварро таъкид карда, аз сарвазири Покистон ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват кардаст. Шаҳбоз Шариф, ки ҳукумати Покистонро аз апрели соли 2022 то августи 2023 роҳбарӣ мекард, бо гирифтани 201 раъй аз миёни 336 вакил дигарбора сарвазир интихоб шуд. Вай таъкид намудаст, ки муносибот бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Ҳинду Покистонро беҳбуд хоҳад бахшид.
https://sputnik.tj/20231207/casa-1000-anjom-om-tatbiq-loiha-omoda-1060779238.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102179/00/1021790015_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_caeb8f8e8d8e6e034fe6f1e0a40106f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, президент, шарикӣ, шодбошӣ, телефонӣ
эмомалӣ раҳмон, президент, шарикӣ, шодбошӣ, телефонӣ
Занги Раҳмон ба сарвазири тозаинтихоби Покистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон тавсеаи шарикӣ бо Покистон бар пояи анъанаҳои неки дерина, усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод таъкид кард
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Дар пайи ирсоли барқияи шодбошӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири тозаинтихоби Покистон, Шаҳбоз Шариф занг заду табрик намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон дар оғози суҳбат ба Шариф сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин дар фаъолияти давлатӣ таманно кард.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баррасӣ карданд, афзуд манбаъ.
Дар ин зимн ҷараёни устувори рушду тавсеаи маҷмӯи муносибатҳои шарикии ду давлат бар пояи анъанаҳои неки дерина, усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод таъкид гардид, омадааст дар иттилоия.
Раҳмон аҳаммияти хоссаи идомаи муколамаи байнидавлатии ду кишварро таъкид карда, аз сарвазири Покистон ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват кардаст.
Шаҳбоз Шариф, ки ҳукумати Покистонро аз апрели соли 2022 то августи 2023 роҳбарӣ мекард, бо гирифтани 201 раъй аз миёни 336 вакил дигарбора сарвазир интихоб шуд. Вай таъкид намудаст, ки муносибот бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Ҳинду Покистонро беҳбуд хоҳад бахшид.