https://sputnik.tj/20240305/rusiyagi-kujo-tojikiston-metavonand-intikhobot-ishtirok-1061941459.html
Русиягиҳо дар куҷои Тоҷикистон метавонанд дар интихоботи президент иштирок кунанд?
Русиягиҳо дар куҷои Тоҷикистон метавонанд дар интихоботи президент иштирок кунанд?
Sputnik Тоҷикистон
Русиягиҳо метавонанд дар интихоботи президентии кишварашон, тавассути раъйдиҳӣ дар қаламрави Тоҷикистон, ки чанд нуқта доранд, иштирок намоянд
2024-03-05T17:56+0500
2024-03-05T17:56+0500
2024-03-12T14:21+0500
дар русия
интихобот
президент
шӯрои федератсия
интихобот
раисҷумҳур
интихоботи президенти русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/08/1060796108_0:111:2119:1303_1920x0_80_0_0_02a19f3a2cc51e35fccefbb845ba4176.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, метавонанд дар интихоботи президентии Федератсияи Русия ширкат кунанд.Аз ҷумла 17 март дар ду қитъаи интихоботӣ - дар шӯъбаи консулии сафорати Русия дар Душанбе ва консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд имкони раъйдиҳӣ фароҳам аст. Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод, ки ҳамчунин чаҳор нуқтаи дигар барои низомиёни Русия ва аъзои хонаводаи онҳо фаъолият хоҳанд кард. Нуқтаҳои интихоботӣ аз соати 8:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд.Ҳама шаҳрвандони Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд ва дар рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, метавонанд дар интихобот овоз диҳанд. Маврид ба зикр аст, ки 6 декабр Шӯрои Федератсияи Русия интихоботи президентиро барои 17 марти соли 2024 таъин кард, ки он се рӯз - 15, 16 ва 17 март идома хоҳанд кард.Аз 25 феврал дар Федератсияи Русия дар манотиқи душворгузар ё дурдаст раъйдиҳии пеш аз мӯҳлат барои интихоботи президентӣ баргузор мешавад.Интихобкунандагон дар 29 субъекти Федератсияи Русия на танҳо дар қитъаҳои интихоботӣ, балки тавассути онлайн низ метавонанд овоз диҳанд. Овоздиҳии асосӣ 17 март ба охир мерасад.Русиягиҳо метавонанд ба таври фосилавӣ бо истифода аз компютери шахсӣ, планшет ё смартфон интихоби худро анҷом диҳанд.Аризаи электронӣ бояд дар портали махсуси интернетии Комиссияи марказии интихоботи Русия пешниҳод карда шавад.Раисҷумҳури феълӣ, Владимир Путин номзадияшро ба интихоботи президентӣ пешниҳод кард. Ваколатҳои феълии Путин ба ҳайси раҳбари давлат 7 майи соли 2024 ба охир мерасад. Путин бори панҷум аст, ки довталаби курсии президентӣ мешавад. Дар сурати пирӯзӣ, ӯ 6 соли дигар, яъне то соли 2030 дар курсии раҳбари давлат хоҳад буд. Вай бори нахуст соли 2000 ба як давраи чаҳор сол ба мақоми олии давлатӣ интихоб шуда буд.Омӯзиши афкори омма нишон медиҳад, ки сатҳи ҳимоят аз Путин ва эътимод ба ӯ наздики 80%-ро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20240225/lukashenko-intikhobot-oyanda-prezidenti-ishtirok-1061833327.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/08/1060796108_117:0:2002:1414_1920x0_80_0_0_d432d3cbd8966646c46b90cfe172920b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
куҷо, тоҷикистон, овоз, интихобот, президент
куҷо, тоҷикистон, овоз, интихобот, президент
Русиягиҳо дар куҷои Тоҷикистон метавонанд дар интихоботи президент иштирок кунанд?
17:56 05.03.2024 (Навсозишуда: 14:21 12.03.2024) Русиягиҳо метавонанд дар интихоботи президентии кишварашон, тавассути раъйдиҳӣ дар қаламрави Тоҷикистон, ки чанд нуқта доранд, иштирок намоянд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, метавонанд дар интихоботи президентии Федератсияи Русия ширкат кунанд.
Аз ҷумла 17 март дар ду қитъаи интихоботӣ - дар шӯъбаи консулии сафорати Русия дар Душанбе ва консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд имкони раъйдиҳӣ фароҳам аст.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод, ки ҳамчунин чаҳор нуқтаи дигар барои низомиёни Русия ва аъзои хонаводаи онҳо фаъолият хоҳанд кард. Нуқтаҳои интихоботӣ аз соати 8:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд.
Ҳама шаҳрвандони Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд ва дар рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, метавонанд дар интихобот овоз диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки 6 декабр Шӯрои Федератсияи Русия интихоботи президентиро барои 17 марти соли 2024 таъин кард, ки он се рӯз - 15, 16 ва 17 март идома хоҳанд кард.
Аз 25 феврал дар Федератсияи Русия дар манотиқи душворгузар ё дурдаст раъйдиҳии пеш аз мӯҳлат барои интихоботи президентӣ баргузор мешавад.
Интихобкунандагон дар 29 субъекти Федератсияи Русия на танҳо дар қитъаҳои интихоботӣ, балки тавассути онлайн низ метавонанд овоз диҳанд. Овоздиҳии асосӣ 17 март ба охир мерасад.
Русиягиҳо метавонанд ба таври фосилавӣ бо истифода аз компютери шахсӣ, планшет ё смартфон интихоби худро анҷом диҳанд.Аризаи электронӣ бояд дар портали махсуси интернетии Комиссияи марказии интихоботи Русия пешниҳод карда шавад.
Раисҷумҳури феълӣ, Владимир Путин номзадияшро ба интихоботи президентӣ пешниҳод кард.
Ваколатҳои феълии Путин ба ҳайси раҳбари давлат 7 майи соли 2024 ба охир мерасад.
Путин бори панҷум аст, ки довталаби курсии президентӣ мешавад. Дар сурати пирӯзӣ, ӯ 6 соли дигар, яъне то соли 2030 дар курсии раҳбари давлат хоҳад буд. Вай бори нахуст соли 2000 ба як давраи чаҳор сол ба мақоми олии давлатӣ интихоб шуда буд.
Омӯзиши афкори омма нишон медиҳад, ки сатҳи ҳимоят аз Путин ва эътимод ба ӯ наздики 80%-ро ташкил медиҳад.