https://sputnik.tj/20240304/rahmon-sarvaziri-navi-pokistonro-shodbosh-1061918546.html
Раҳмон сарвазири нави Покистонро шодбош гуфту ба Тоҷикистон хонд
Раҳмон сарвазири нави Покистонро шодбош гуфту ба Тоҷикистон хонд
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳбоз Шариф, ки ҳукумати Покистонро аз апрели соли 2022 то августи 2023 роҳбарӣ мекард, бо гирифтани беш аз 200 раъйи вакилон дигарбора сарвазир интихоб шуд
2024-03-04T09:45+0500
2024-03-04T09:45+0500
2024-03-04T09:45+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
покистон
сарвазир
шодбош
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051434867_0:0:799:449_1920x0_80_0_0_dc8687fbe8a5b819185d2d0fc1debfbc.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шарифро бо интихоб шуданаш ба ин мақом шодбош гуфт. Раҳмон Шарифро дӯст ва бародари гиромӣ хонда, саломатии комил хондааст. "Дар иҷрои нақшаҳоятон ҷиҳати рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Покистон, беҳбуди сатҳи некуаҳволии мардуми кишвари ба мо дӯст ва ҳамзамон таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳои нави барҷаста орзумандам", - илова намуд ӯ.Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Покистонро анъанаҳои деринаи робитаҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод ба якдигар ба ҳам мепайванданд.Президенти Тоҷикистон аз ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳо, ки бо такя ба анъанаҳои нек бемайлон рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ мегарданд, изҳори қаноатмандӣ намудаст. ."Зимни таъкиди рағбати пайвастаи инҷониб ба идомаи муколамаи байнидавлатӣ ва ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо Шумо дар пешбурди самарабахши ин раванд, бо камоли майл Шуморо ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват менамоям", - изҳор доштаст Раҳмон. Вай мутмаин аст, ки бо талошҳои муштараки минбаъда шарикии дарозмуддати кишварҳо ба нафъи мардумонашон таҳкиму тавсеа хоҳанд ёфт. Шаҳбоз Шариф, ки ҳукумати Покистонро аз апрели соли 2022 то августи 2023 роҳбарӣ мекард, бо гирифтани 201 раъй аз миёни 336 вакил дигарбора сарвазир интихоб шуд. Вай таъкид намудаст, ки муносибот бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Ҳинду Покистонро беҳбуд хоҳад бахшид.
https://sputnik.tj/20231206/safiron-navtayin-khostor-muloqot-1060750409.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051434867_0:0:709:532_1920x0_80_0_0_2b0ea94190fdee3128a29c535c6ae56c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, сарвазир. тоҷикистон, покистон
эмомалӣ раҳмон, сарвазир. тоҷикистон, покистон
Раҳмон сарвазири нави Покистонро шодбош гуфту ба Тоҷикистон хонд
Шаҳбоз Шариф, ки ҳукумати Покистонро аз апрели соли 2022 то августи 2023 роҳбарӣ мекард, бо гирифтани беш аз 200 раъйи вакилон дигарбора сарвазир интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шарифро бо интихоб шуданаш ба ин мақом шодбош гуфт.
Раҳмон Шарифро дӯст ва бародари гиромӣ хонда, саломатии комил хондааст.
"Дар иҷрои нақшаҳоятон ҷиҳати рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Покистон, беҳбуди сатҳи некуаҳволии мардуми кишвари ба мо дӯст ва ҳамзамон таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳои нави барҷаста орзумандам", - илова намуд ӯ.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Покистонро анъанаҳои деринаи робитаҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод ба якдигар ба ҳам мепайванданд.
Президенти Тоҷикистон аз ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳо, ки бо такя ба анъанаҳои нек бемайлон рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ мегарданд, изҳори қаноатмандӣ намудаст. .
"Зимни таъкиди рағбати пайвастаи инҷониб ба идомаи муколамаи байнидавлатӣ ва ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо Шумо дар пешбурди самарабахши ин раванд, бо камоли майл Шуморо ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват менамоям", - изҳор доштаст Раҳмон.
Вай мутмаин аст, ки бо талошҳои муштараки минбаъда шарикии дарозмуддати кишварҳо ба нафъи мардумонашон таҳкиму тавсеа хоҳанд ёфт.
Шаҳбоз Шариф, ки ҳукумати Покистонро аз апрели соли 2022 то августи 2023 роҳбарӣ мекард, бо гирифтани 201 раъй аз миёни 336 вакил дигарбора сарвазир интихоб шуд. Вай таъкид намудаст, ки муносибот бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Ҳинду Покистонро беҳбуд хоҳад бахшид.