https://sputnik.tj/20240304/khatlon-khostori-tahkimi-hamkori-uzbekiston-1061930506.html
Роҳбарияти Хатлон хостори таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои Ӯзбекистон шуд
Роҳбарияти Хатлон хостори таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои Ӯзбекистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳоло вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ӯзбекистон муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст ва раёсати вилоят хоҳони таҳкими равобит мебошад
2024-03-04T18:12+0500
2024-03-04T18:12+0500
2024-03-04T18:52+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ӯзбекистон
хатлон
ҳамкорӣ
рушд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054333894_0:256:3112:2007_1920x0_80_0_0_0f428119689a92e287e4c7a0c9cd065f.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Вилояти Хатлон рушди ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар равобит бо кишвари ҳамсоя медонад. Ин нуктаро муовини якуми раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода дар мулоқот бо як гурӯҳ соҳибкорону сармоягузорони Ӯзбекистон баён дошт. Аз ҷониби Ӯзбекистон масъулини ширкатҳои “Ӯзтекстилпром”, “Денов текстил кластер", “Бунёдкор кластер” ва котиби якуми сафорати кишвари ҳамсоя иштирок кардаанд. Таъкид шуд, ик ҳоло вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ӯзбекистон муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст ва Мирзозода тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои кишвари ҳамсояро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ гуфт. "Мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем", - гуфт ӯ. Зикр гардид, ки роҳбарияти Хатлон рушди ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонад. Муовини директори “Ӯзтекстилпром”, зимни мулоқот гуфт, ки ҳадафи онҳо таъсиси корхонаҳои саноатии коркарди пахта ва матоъ мебошад. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноатии ду кишвар фаъол сохта, нақшаҳои тарафайнро мувофиқа карда, пешниҳодҳо таҳия кунанд ва барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо тадбирандешӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20240226/tojikiston-uzbekiston-nazorati-ob-1061848016.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054333894_76:0:2807:2048_1920x0_80_0_0_f018bba9da2dbfe42b6075d7493b4ee2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, соҳибкор, баррасӣ, корхона, ширкат
мулоқот, соҳибкор, баррасӣ, корхона, ширкат
Роҳбарияти Хатлон хостори таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои Ӯзбекистон шуд
18:12 04.03.2024 (Навсозишуда: 18:52 04.03.2024) Ҳоло вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ӯзбекистон муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст ва раёсати вилоят хоҳони таҳкими равобит мебошад
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Вилояти Хатлон рушди ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар равобит бо кишвари ҳамсоя медонад.
Ин нуктаро муовини якуми раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода дар мулоқот бо як гурӯҳ соҳибкорону сармоягузорони Ӯзбекистон баён дошт.
Аз ҷониби Ӯзбекистон масъулини ширкатҳои “Ӯзтекстилпром”, “Денов текстил кластер", “Бунёдкор кластер” ва котиби якуми сафорати кишвари ҳамсоя иштирок кардаанд.
Таъкид шуд, ик ҳоло вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ӯзбекистон муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст ва Мирзозода тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои кишвари ҳамсояро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ гуфт.
"Мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем", - гуфт ӯ.
Зикр гардид, ки роҳбарияти Хатлон рушди ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонад.
Муовини директори “Ӯзтекстилпром”, зимни мулоқот гуфт, ки ҳадафи онҳо таъсиси корхонаҳои саноатии коркарди пахта ва матоъ мебошад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноатии ду кишвар фаъол сохта, нақшаҳои тарафайнро мувофиқа карда, пешниҳодҳо таҳия кунанд ва барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо тадбирандешӣ намоянд.