https://sputnik.tj/20240302/shahrdor-dushanbe-kuchaho-borishot-nigaron-1061907197.html
Шаҳрдори Душанбе ба санҷиши кӯчаҳо баромад: боришоти шадиди ӯро нигарон кард?
Шаҳрдори Душанбе ба санҷиши кӯчаҳо баромад: боришоти шадиди ӯро нигарон кард?
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдори Душанбе дар пайи санҷишҳо аҳамияти вижаи таъмини сокинонро бо оби ошомиданӣ, барқу гармӣ таъкид кардааст
2024-03-02T16:42+0500
2024-03-02T16:42+0500
2024-03-02T18:49+0500
дар тоҷикистон
рустами эмомалӣ
душанбе
барф ва сардӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/02/1061906229_0:0:800:451_1920x0_80_0_0_6109c9897a521b7b36a812c88ded276f.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо вазъи як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт шинос шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти ҳукумати шаҳр иттилоъ доданд. Гуфта мешавад, ӯ ба муовинон ва раисони ноҳияҳо дастур додааст, ки барои тоза кардани барф дар назди биноҳо, корхонаҳо ва мағозаҳову марказҳои савдо сари вақт чора андешанд. Раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин таваҷҷуҳи масъулони шаҳрро ба масоили муҳимми омодасозии каналу селроҳаҳо ҷалб кард. Илова бар ин, Рустами Эмомалӣ таъмини сокинонро бо оби нӯшокӣ, барқу гармӣ таъкид кардааст. Дар фарҷоми дидор аз кӯчаҳои пойтахт ӯ ба масъулин дастур дод, ки барои ҳама қишрҳои ҷомеа оид ба истифодаи оқилонаи нерӯи барқ, сарфаю сариштакорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шавад. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1 март як қатор минтақаҳои пойтахт бе барқ ва гармӣ монданд.Мақомот дар ин бора изҳори назар накарданд, дар ҳоле ки манбаи Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки нерӯгоҳи "Норак", ки тақрибан тамоми ҷумҳуриро бо нерӯи барқ таъмин мекунад дучори садама шуд. Ба гуфтаи ӯ, бар асари боридани барфи аз ҳад зиёд, ки боиси афзоиши якбораи масрафи нерӯи барқ барои гармидиҳии хонаҳо гирифта шуд, барои нерӯҳ сарбории шадид шудааст.
https://sputnik.tj/20240302/barfkuchi-roh-dushanb-khujan-hushdor-takror-1061905869.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/02/1061906229_89:0:800:533_1920x0_80_0_0_6e46d53b107757aba552df8915e55cbf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳрдор душанбе кӯчаҳо боришот шадид нигарон
шаҳрдор душанбе кӯчаҳо боришот шадид нигарон
Шаҳрдори Душанбе ба санҷиши кӯчаҳо баромад: боришоти шадиди ӯро нигарон кард?
16:42 02.03.2024 (Навсозишуда: 18:49 02.03.2024) Шаҳрдори Душанбе дар пайи санҷишҳо аҳамияти вижаи таъмини сокинонро бо оби ошомиданӣ, барқу гармӣ таъкид кардааст
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо вазъи як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт шинос шуд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти ҳукумати шаҳр иттилоъ доданд.
Гуфта мешавад, ӯ ба муовинон ва раисони ноҳияҳо дастур додааст, ки барои тоза кардани барф дар назди биноҳо, корхонаҳо ва мағозаҳову марказҳои савдо сари вақт чора андешанд.
Раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин таваҷҷуҳи масъулони шаҳрро ба масоили муҳимми омодасозии каналу селроҳаҳо ҷалб кард.
Илова бар ин, Рустами Эмомалӣ таъмини сокинонро бо оби нӯшокӣ, барқу гармӣ таъкид кардааст.
Дар фарҷоми дидор аз кӯчаҳои пойтахт ӯ ба масъулин дастур дод, ки барои ҳама қишрҳои ҷомеа оид ба истифодаи оқилонаи нерӯи барқ, сарфаю сариштакорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1 март як қатор минтақаҳои пойтахт бе барқ ва гармӣ монданд.
Мақомот дар ин бора изҳори назар накарданд, дар ҳоле ки манбаи Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки нерӯгоҳи "Норак", ки тақрибан тамоми ҷумҳуриро бо нерӯи барқ таъмин мекунад дучори садама шуд.
Ба гуфтаи ӯ, бар асари боридани барфи аз ҳад зиёд, ки боиси афзоиши якбораи масрафи нерӯи барқ барои гармидиҳии хонаҳо гирифта шуд, барои нерӯҳ сарбории шадид шудааст.