https://sputnik.tj/20240301/taghyirot-kadri-akademiya-milli-ulumi-tojikiston-1061888924.html
Тағйироти кадрӣ дар Академияи миллии улуми Тоҷикистон баъди омадани президенти нав
Тағйироти кадрӣ дар Академияи миллии улуми Тоҷикистон баъди омадани президенти нав
Sputnik Тоҷикистон
Раиси ҳукумати Тоҷикистон дар сохтори Академияи миллии илмҳои кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дода, роҳбари 6 институти ин ниҳодро иваз намуд
2024-03-01T10:46+0500
2024-03-01T10:46+0500
2024-03-01T10:46+0500
дар тоҷикистон
маориф
илм ва фанноварӣ
таъйин
тағйирот
кадрӣ
академияи илмҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/80/1030068013_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_8ff38d4e6c94bb5aa54cfc99f6c898ce.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Зарулло Раҳмонов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод гардид. Бо қарори ҳукумат ба вазифаи директори Институти мазкур, Алишер Раҳимзода таъйин шуд. Гулчеҳра Қоҳирова низ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод гардида, ба ҷояш Анвар Бӯризода омад.Нозим Маҳмадизода директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академия таъйин шуд. Ёрмаҳмад Ниёзӣ низ аз вазифаи директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо канор рафта, ба ҷояш Рустам Ҳайдарзода омад. Инчунин Афзалшоҳ Зарифзода, директори Институти физикаву техникаи ба номи С.У.Умаров ва Дилшод Қадамзода директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин шуданд. Инчунин бо қарори ҳукумат Илҳом Амонзода дар вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи технологии Тоҷикистон" озод гардид. Чанд ҳафта қабл ба мақоми президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода таъйин гардид, ки то расидан ба ин мақом ректор Донишгоҳи миллии кишвар буд.
https://sputnik.tj/20240116/rohbaron-nihod-navtasis-tojikiston-tayin-1061297542.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/80/1030068013_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_891166ac14bb6fe341ba7bad3acc216e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
академия, миллӣ, илмҳо, тоҷикистон, таъйин
академия, миллӣ, илмҳо, тоҷикистон, таъйин
Тағйироти кадрӣ дар Академияи миллии улуми Тоҷикистон баъди омадани президенти нав
Раиси ҳукумати Тоҷикистон дар сохтори Академияи миллии илмҳои кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дода, роҳбари 6 институти ин ниҳодро иваз намуд
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Зарулло Раҳмонов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод гардид.
Бо қарори ҳукумат ба вазифаи директори Институти мазкур, Алишер Раҳимзода таъйин шуд.
Гулчеҳра Қоҳирова низ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод гардида, ба ҷояш Анвар Бӯризода омад.
Нозим Маҳмадизода директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академия таъйин шуд.
Ёрмаҳмад Ниёзӣ низ аз вазифаи директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо канор рафта, ба ҷояш Рустам Ҳайдарзода омад.
Инчунин Афзалшоҳ Зарифзода, директори Институти физикаву техникаи ба номи С.У.Умаров ва Дилшод Қадамзода директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин шуданд.
Инчунин бо қарори ҳукумат Илҳом Амонзода дар вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи технологии Тоҷикистон" озод гардид.
Чанд ҳафта қабл ба мақоми президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода таъйин гардид, ки то расидан ба ин мақом ректор Донишгоҳи миллии кишвар буд.