Путин: Русия ҳама корро мекунад, то ҷангро хотима диҳад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПослание президента РФ В. Путина Федеральному Собранию
Послание президента РФ В. Путина Федеральному Собранию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.02.2024
Обуна шудан
Раҳбари Русия ҳар сол ба Маҷлиси федеролӣ дар бораи авзоъ дар кишвар ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат мекунад
ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Русия ҷангро дар Донбасс оғоз накардааст, аммо барои анҷоми он ҳама корро мекунад.
Дар ин бора раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни суханронии худ ба Маҷлиси федеролии Русия хабар дод.
Ба гуфтаи вай, вазифа аз он иборат аст, ки миллатгароиро решакан карда, мушкилоти амалиёти вижа ҳал карда шавад. Русия метавонад ва ҳама чизро пушти сар кунад, афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Федератсияи Русия ба касе иҷозат намедиҳад, ки ба корҳои дохилиаш дахолат кунад.
"Ман аз аҳзоби парлумонӣ барои муттаҳид шудан дар атрофи манфиатҳои миллӣ миннатдорам. Системаи сиёсии Русия яке аз рукнҳои соҳибихтиёрии кишвар аст. Мо институтҳои демократияро минбаъд инкишоф медиҳем. Мо намегузорем, ки касе ба корҳои дохилии мо дахолат кунад",- гуфт сарвари давлат.
Сарбозони рус дар ҷабҳа устуворона ва фидокорона амал мекунанд, гуфт Путин.
"Ҳимоя ва таҳкими соҳибихтиёрӣ имрӯз дар ҳама самтҳо ҷараён дорад ва пеш аз ҳама, албатта, дар ҷабҳа, ки дар он ҷо сарбозони мо устуворона ва фидокорона меҷанганд", - гуфт роҳбари Русия.
Послание Владимира Путина федеральному собранию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.02.2024
Паёми Путин ба Шӯрои Федератсияи Русия: видео
Вай ёдовар шуд, ки дар тӯли ду сол бахши тиҷорати Русия ба созмонҳои ихтиёрӣ ва фондҳои хайрияе, ки ҷангиёни минтақаи амалиёти махсуси низомӣ ва оилаҳои онҳоро дастгирӣ мекунанд, миллиардҳо рубл ҷудо кард.
Путин гуфт, Русияро хостанд аз дохил заиф кунанд, вале муваффақ нашуданд ва мо собит кардем, ки метавонем ҳама гуна мушкилотро ҳал кунем, ба чолишҳо посух гӯем ва дар якҷоягӣ ҳама корро анҷом диҳем.
Президенти Русия Владимир Путин ба Маҷлиси федералӣ паём ирсол мекунад.
Аъзои ҳукумат, вакилон, соҳибкорон, фарҳангиён ва ширкаткунандагони амалиёти вижаи низомӣ дар "Гостиний Двор"-и Маскав барои шунидани сухани сарвари давлат ҷамъ омаданд.
Лентаи хабарҳо
0