https://sputnik.tj/20240229/putin-amalho-gharb-munoqisha-hastai-tahdid-1061879837.html
Путин гуфт, амалҳои Ғарб ба муноқишаи ҳастаӣ таҳдид мекунанд
Путин гуфт, амалҳои Ғарб ба муноқишаи ҳастаӣ таҳдид мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия мегӯяд, ки нерӯҳои ҳастаии кишвараш дар ҳолати омодабош қарор доранд ва тамоми нақшаҳо дар соҳаи силоҳ иҷро шудаанд
2024-02-29T15:34+0500
2024-02-29T15:34+0500
2024-02-29T15:44+0500
ғарб
дар русия
владимир путин
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/1d/1061879517_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_2f4cfdf923a156c7aec1417718c1a6a9.jpg
ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Амалҳо ва изҳороти хатарноки Ғарб дар сиёсати хориҷӣ ба муноқиша бо истифода аз силоҳи ҳастаӣ ва нобудшавии тамаддун таҳдид мекунад.Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин зимин ироаи паёмаш ба Маҷлиси федеролӣ изҳор дошт. Зимни суханронии худ, раисиҷумҳури Русия зикр кард, ки Ғарб ниятҳои муайяни Русияро барои ҳамла ба Аврупо эълон мекунад, дар ҳоле ки худи онҳо дар қаламрави Русия ҳадафҳоро барои зарбаҳо ва воситаҳои нобудсозӣ интихоб мекунанд. Путин гуфт, ки масъалаи фиристодани нерӯҳои НАТО ба Украина баррасӣ мешавад.Ба таъкиди президент, ҳар чизе, ки онҳо мебофанд, ба он хотир аст, ки ҷаҳонро битарсонанд ва ҳамаи ин воқеан ба муноқиша бо истифодаи силоҳи ҳастаӣ таҳдид мекунад, ки маънои нобудии тамаддунро дорад.Дар ҳамин ҳол, сарвари давлат ёдовар шуд, ки Русия низ силоҳ дорад, ки кишварҳои ғарбӣ бояд онро дарк кунанд. "Мо инчунин силоҳ дорем, ки метавонанд ба ҳадафҳо дар қаламрави онҳо зарба зананд", - гуфт Путин.Президенти Русия афзуд, ки нерӯҳои ҳастаии кишвар дар ҳолати омодабош қарор доранд ва тамоми нақшаҳо дар соҳаи силоҳ иҷро шудаанд. "Қувваҳои стратегии ҳастаии Федератсияи Русия дар ҳолати омодагии комил қарор доранд",- гуфт Путин. Вай афзуд, ки тамоми нақшаҳо дар соҳаи силоҳ иҷро шудаанд. Инчунин барои амалиёти ҷангӣ маҷмааи авиатсионии фаросавтии "Кинжал" вориди амал шуд.Тибқи Конститутсия, президенти Русия ҳамасола ба Маҷлиси федеролӣ дар бораи авзоъ дар кишвар ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ паём ироа мекунад. Паёми Президент самтҳои рушди кишварро муайян намуда, чун қоида, асоси қонуну фармонҳо мегардад.
https://sputnik.tj/20240229/payom-putin-shuro-federatsiya-rusiya-pakhsh-zinda-1061875631.html
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/1d/1061879517_188:0:2919:2048_1920x0_80_0_0_051479097dfe6aa18eabe947fb2c29fe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин амалҳ ғарб муноқиша ҳастаӣ таҳдид
путин амалҳ ғарб муноқиша ҳастаӣ таҳдид
Путин гуфт, амалҳои Ғарб ба муноқишаи ҳастаӣ таҳдид мекунанд
15:34 29.02.2024 (Навсозишуда: 15:44 29.02.2024) Президенти Русия мегӯяд, ки нерӯҳои ҳастаии кишвараш дар ҳолати омодабош қарор доранд ва тамоми нақшаҳо дар соҳаи силоҳ иҷро шудаанд
ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Амалҳо ва изҳороти хатарноки Ғарб дар сиёсати хориҷӣ ба муноқиша бо истифода аз силоҳи ҳастаӣ ва нобудшавии тамаддун таҳдид мекунад.
Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин зимин ироаи паёмаш ба Маҷлиси федеролӣ изҳор дошт.
Зимни суханронии худ, раисиҷумҳури Русия зикр кард, ки Ғарб ниятҳои муайяни Русияро барои ҳамла ба Аврупо эълон мекунад, дар ҳоле ки худи онҳо дар қаламрави Русия ҳадафҳоро барои зарбаҳо ва воситаҳои нобудсозӣ интихоб мекунанд. Путин гуфт, ки масъалаи фиристодани нерӯҳои НАТО ба Украина баррасӣ мешавад.
Ба таъкиди президент, ҳар чизе, ки онҳо мебофанд, ба он хотир аст, ки ҷаҳонро битарсонанд ва ҳамаи ин воқеан ба муноқиша бо истифодаи силоҳи ҳастаӣ таҳдид мекунад, ки маънои нобудии тамаддунро дорад.
"Оё онҳо инро намефаҳманд? Инҳо одамоне ҳастанд, ки аз озмоишҳои душвор нагузаштаанд. Онҳо аллакай фаромӯш кардаанд, ки ҷанг чист", - қайд кард ӯ.
Дар ҳамин ҳол, сарвари давлат ёдовар шуд, ки Русия низ силоҳ дорад, ки кишварҳои ғарбӣ бояд онро дарк кунанд.
"Мо инчунин силоҳ дорем, ки метавонанд ба ҳадафҳо дар қаламрави онҳо зарба зананд", - гуфт Путин.
Президенти Русия афзуд, ки нерӯҳои ҳастаии кишвар дар ҳолати омодабош қарор доранд ва тамоми нақшаҳо дар соҳаи силоҳ иҷро шудаанд.
"Қувваҳои стратегии ҳастаии Федератсияи Русия дар ҳолати омодагии комил қарор доранд",- гуфт Путин.
Вай афзуд, ки тамоми нақшаҳо дар соҳаи силоҳ иҷро шудаанд. Инчунин барои амалиёти ҷангӣ маҷмааи авиатсионии фаросавтии "Кинжал" вориди амал шуд.
Тибқи Конститутсия, президенти Русия ҳамасола ба Маҷлиси федеролӣ дар бораи авзоъ дар кишвар ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ паём ироа мекунад.
Паёми Президент самтҳои рушди кишварро муайян намуда, чун қоида, асоси қонуну фармонҳо мегардад.