https://sputnik.tj/20240228/qarori-rustami-emomali-dushanbe-toza-1061863320.html
Қарори Рустами Эмомалӣ: Душанбе тозатар мешавад
Қарори Рустами Эмомалӣ: Душанбе тозатар мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдори Душанбе қарори ҷадидеро имзо кардааст, ки масъулин бо татбиқи он барои таъмини тозагию озодагӣ дар ҷодаҳои пойтахт мусоидат хоҳанд кард
2024-02-28T10:41+0500
2024-02-28T10:41+0500
2024-02-28T10:42+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
дарахтшинонӣ
худрав
экология
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/13/1061763451_0:85:1620:996_1920x0_80_0_0_9d7406a93728c4322c761e033caa4668.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон соли 2024 "Соли маърифати экологӣ" эълон гардид. Қарор дар ин бораро шаҳрдор, Рустами Эмомалӣ имзо намуд. Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, мақсади қарори Рустами Эмомалӣ баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мебошад. "Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 900-рӯзи ободонӣ амалӣ карда шавад", - омадааст дар қарор. Масъулини шаҳрдорӣ ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои таъмини иҷрои қарори мазкурро масъул шудаанд. Шаҳрдорӣ ҳамчунин нақша - чорабиниҳо барои иҷрои қарори мазкурро тасдиқ карда, назорати иҷрои қарорро ба зиммаи муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раис гузоштааст. Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар шаҳри Душанбе садҳо ҳазор гулу дарахт шинонда мешаванд, ки барои ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологии шаҳр равона гардидаанд. Ҳамчунин масъулин бархе аз корхонаҳои нисбатан зараровар ба муҳити шаҳрро баста, дар мавриди воситаи нақлиёт низ талош мекунанд, бештар худравҳои барқӣ ворид шаванду ба ҳамин васила ба муҳити атроф зарари камтар расонда шавад.
https://sputnik.tj/20240221/azmi-iiao-baroi-bezarargardonii-naqliyot-baroi-iqlim-1061792961.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/13/1061763451_90:0:1530:1080_1920x0_80_0_0_a49ad9166612c549d72ee2a811977a4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳрдорӣ, душанбе, раис, тозагӣ, ободонӣ
шаҳрдорӣ, душанбе, раис, тозагӣ, ободонӣ
Қарори Рустами Эмомалӣ: Душанбе тозатар мешавад
10:41 28.02.2024 (Навсозишуда: 10:42 28.02.2024) Шаҳрдори Душанбе қарори ҷадидеро имзо кардааст, ки масъулин бо татбиқи он барои таъмини тозагию озодагӣ дар ҷодаҳои пойтахт мусоидат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон соли 2024 "Соли маърифати экологӣ" эълон гардид. Қарор дар ин бораро шаҳрдор, Рустами Эмомалӣ имзо намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, мақсади қарори Рустами Эмомалӣ баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мебошад.
"Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 900-рӯзи ободонӣ амалӣ карда шавад", - омадааст дар қарор.
Масъулини шаҳрдорӣ ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои таъмини иҷрои қарори мазкурро масъул шудаанд.
Шаҳрдорӣ ҳамчунин нақша - чорабиниҳо барои иҷрои қарори мазкурро тасдиқ карда, назорати иҷрои қарорро ба зиммаи муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раис гузоштааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар шаҳри Душанбе садҳо ҳазор гулу дарахт шинонда мешаванд, ки барои ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологии шаҳр равона гардидаанд.
Ҳамчунин масъулин бархе аз корхонаҳои нисбатан зараровар ба муҳити шаҳрро баста, дар мавриди воситаи нақлиёт низ талош мекунанд, бештар худравҳои барқӣ ворид шаванду ба ҳамин васила ба муҳити атроф зарари камтар расонда шавад.