Раисон дар Тоҷикистон хона ба хонаи мардум гашта, ҳолпурсӣ хоҳанд кард

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2024
Обуна шудан
Раиси Хатлон ба роҳбарони сатҳи вилоятию маҳаллӣ, аз ҷумла раисони ҷамоатҳо дастур додаст, ки хона ба хона гарданду аз ҳоли камбизоатҳо хабар гиранд
ДУШАНБЕ, 26 февр — Sputnik. Ба камбизоатҳо дар Хатлон аз Фонди эҳсонкорӣ, ки дар вилоят таъсис дода шудаст, кумак расонда хоҳад шуд.
Ин нуктаро раиси вилоят, Давлаталӣ Саид зимни қабули сайёри шаҳрвандон дар Левакант баён дошта, таъкид намудаст, ки ҳалли масоили иҷтимоии шаҳрвандон вазифаи мақомдорон аст.
Давлаталӣ Саид таъкид намудаст, ки масъулин ва раисони ҷамоатҳо хона ба хона гашта, аз вазъи зиндагии мардум огоҳ шаванд ва рӯйхати оилаҳои камбизоатро таҳия намоянд, то ки аз Фонди эҳсонкорӣ, ки вилоят таъсис додааст, ба онҳо кӯмак расонида шавад, навиштааст нашрияи "Хатлон".
Гуманитарная помощь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2023
Дипломату низомиёни Русия ба камбизоатон дар Тоҷикистон кумак карданд
Вай ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маврид ба зикр аст, ки Вазорати молия ахиран гуфт, барои дастгирии унвонии оилаҳои ниёзманди кишвар 219 млн сомонӣ равона карда мешавад.
Ба иттилои вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода ин маблағ барои пардохтҳои иҷтимоӣ дар соли 2024 пешбинӣ гардидаст.
Вай афзуд, барои пардохтҳои иҷтимоӣ соли гузашта 154 млн сомонӣ равона шуда буд ва он сол ба сол афзоиш хоҳад ёфт. Қаҳҳорзода изҳор дошт, ки соли 2025 барои пардохтҳои унвонии иҷтимоӣ қариби 299 млн сомонӣ равона хоҳад шуд.
Вазир аз 116 млн сомонии соли 2022 ба қариби 300 млн сомонӣ расондани пардохтҳои иҷтимоӣ дар соли 2025-ро далели ғамхориҳои ҳукумат дар ҳаққи хонаводаҳои камбизоат арзёбӣ намуд.
Лентаи хабарҳо
0