https://sputnik.tj/20240226/neru-ukraini-zarba-donetsk-1061839319.html
Нерӯҳои украинӣ ҳанӯз ҳам тавони зарба задан ба Донетскро доранд?
Нерӯҳои украинӣ ҳанӯз ҳам тавони зарба задан ба Донетскро доранд?
Sputnik Тоҷикистон
Имкониятҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина барои задани зарба ба шаҳри Донетск маҳдуд шудаанд, аммо ҳанӯз комилан бартараф нагардидаанд
2024-02-26T12:03+0500
2024-02-26T12:03+0500
2024-03-04T10:00+0500
дар русия
донбасс
донетск
амалиёт
амалиёти вижа
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046087197_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_46d59bdd99e6a85d91c2d2709273c35f.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Барои артиши Украина танҳо имкони задани зарба аз самти Угледар ба Донетск боқӣ мондаст, изҳор дошт роҳбари ҶХД, Денис Пушилин. "Нерӯҳои украинӣ то ҳол тавони зарба задан ба ду минтақаи Донетск аз самти Угледарро доранд", - гуфт ӯ.Пушилин афзуд, ки пас аз озод кардани Авдеевка, Қувваҳои Мусаллаҳи Украина артиллерияро бо аслиҳаи гаронбаҳои ғарбӣ барои ҳадаф қарор додани Донетск иваз карданд.Озодкунии Авдеевка имкон дод, ки хатти ҷабҳа аз Донетск дуртар шавад ва ин шаҳрро аз ҳамлаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба таври қобили мулоҳиза ҳифз кунад. "Озодкунии Авдеевка имкон дод, ки хатти ҷабҳа аз Донетск дуртар шавад ва ба ин васила он аз ҳамлаҳои террористии режими ҷиноии Киев муҳофизат карда шавад", - гуфта буд Вазорати мудофиаи Русия. Вазорати мудофиа таъкид намуд, ки қӯшунҳои "Сентр" Авдеевкаро комилан таҳти назорат гирифтанд. Ин ниҳод афзуд, ки сохторҳои ҷудогонаи ҷангиёни украинӣ тавонистанд, ки шитобон аз Авдеевка фирор кунанд ва силоҳу таҷҳизоти низомии худро партофтанд.Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
https://sputnik.tj/20240225/kor-jangii-majmaa-panisir-mintaqai-amaliyoti-video-1061834501.html
донетск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046087197_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_5ee4202b6e634a52d0fe9e473ed1ea5a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имконият, зарба, донетск, украина, қувва, мусаллаҳ
имконият, зарба, донетск, украина, қувва, мусаллаҳ
Нерӯҳои украинӣ ҳанӯз ҳам тавони зарба задан ба Донетскро доранд?
12:03 26.02.2024 (Навсозишуда: 10:00 04.03.2024) Имкониятҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина барои задани зарба ба шаҳри Донетск маҳдуд шудаанд, аммо ҳанӯз комилан бартараф нагардидаанд
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Барои артиши Украина танҳо имкони задани зарба аз самти Угледар ба Донетск боқӣ мондаст, изҳор дошт роҳбари ҶХД, Денис Пушилин.
"Нерӯҳои украинӣ то ҳол тавони зарба задан ба ду минтақаи Донетск аз самти Угледарро доранд", - гуфт ӯ.
Пушилин афзуд, ки пас аз озод кардани Авдеевка, Қувваҳои Мусаллаҳи Украина артиллерияро бо аслиҳаи гаронбаҳои ғарбӣ барои ҳадаф қарор додани Донетск иваз карданд.
Озодкунии Авдеевка имкон дод, ки хатти ҷабҳа аз Донетск дуртар шавад ва ин шаҳрро аз ҳамлаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба таври қобили мулоҳиза ҳифз кунад.
"Озодкунии Авдеевка имкон дод, ки хатти ҷабҳа аз Донетск дуртар шавад ва ба ин васила он аз ҳамлаҳои террористии режими ҷиноии Киев муҳофизат карда шавад", - гуфта буд Вазорати мудофиаи Русия.
Вазорати мудофиа таъкид намуд, ки қӯшунҳои "Сентр" Авдеевкаро комилан таҳти назорат гирифтанд. Ин ниҳод афзуд, ки сохторҳои ҷудогонаи ҷангиёни украинӣ тавонистанд, ки шитобон аз Авдеевка фирор кунанд ва силоҳу таҷҳизоти низомии худро партофтанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.