Аз ҳизби ҳоким вакили нав вориди парлумони Тоҷикистон шуд

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание парламента Таджикистана. Архивное фото
Здание парламента Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2024
Обуна шудан
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ваколатҳои вакили нав аз Ҳизби ҳокими ҳалқии демкоратӣ дар парлумонро тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ба ҷои Дилрабо Мансурӣ, ки ахиран ноиби сарвазири Тоҷикистон таъйин гардид, Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода вакили нави Маҷлиси намояндагон шуд.
Қарор дар ин бораро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қабул кардааст.
Бинобар пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакил Мансурӣ Дилрабо Сайдулло аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, тибқи рӯйхати номзадҳои интихобгардида аз ҲХДТ мандати вакилӣ ба номзад Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода дода шавад, омадааст дар қарор.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2024
Мансурӣ муовини сарвазиру Қодирзода аз Кумита рафъ: Боз киҳо таъйину барканор шуданд
Ваколатҳои Бибиосия Аюбӣ тасдиқ гардида, шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагон дода шуд. Аюбӣ дар гузашта дар Агентии хизмати давлатӣ фаъолият дошта, солҳои охир директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлатии назди пезиденти Тоҷикистон буд.
Вакили қаблӣ аз ҲХДТ Дилрабо Мансурӣ охири моҳи январ бо фармони президент ноиби сарвазири Тоҷикистон таъйин шуд.
Мансурӣ, ки аз соли 2015 вакили парлумон буд, аз соли 2020 то охири январи соли равон ноиби раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд. Вай дар мақоми муовини сарвазир, Матлуба Сатториёнро иваз намуд, ки ба вазифаи вазири фарҳанги кишвар таъйин шуд.
Муовини нави раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Мавсума Мӯинӣ интихоб гардида буд.
Лентаи хабарҳо
0