https://sputnik.tj/20240223/rustam-prezident-loiha-navsozi-poytakht-muarrifi-1061822736.html
Рустами Эмомалӣ ба президент лоиҳаи навсозӣ дар пойтахтро муаррифӣ кард
Рустами Эмомалӣ ба президент лоиҳаи навсозӣ дар пойтахтро муаррифӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдорӣ мегӯяд, лоиҳаҳо бо меъёрҳои байналмилалии шаҳрсозӣ таҳия гардида, президент бошад, гуфтааст, ки биноҳои аз ҳад баланд нақша
2024-02-23T20:45+0500
2024-02-23T20:45+0500
2024-02-23T20:59+0500
эмомалӣ раҳмон
душанбе
рустами эмомалӣ
лоиҳа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/17/1061822890_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_72a52bc253b8454792bc07e8b113f61f.jpg
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои навсозӣ ва ободонии минбаъдаи як қатор кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои пойтахт муаррифӣ кардааст.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар гузориш медиҳад.Ба иттилои манбаъ, бар асоси гузориши шаҳрдорӣ дар доираи татбиқи минбаъдаи Нақшаи генералии пойтахт, як қатор кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои кӯҳнаи пойтахт мавриди навсозию ободонӣ қарор мегиранд.Ба ҳамин тартиб хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қаробоев ба самти ғарб то буриши хиёбони Ҷаббор Расулов ва ду шафати кӯчаи Айнӣ то баромадгоҳи шарқии пойтахт дар масоҳати 138,1 гектар мавриди навсозию ободонӣ қарор мегиранд.Пас аз муаррифӣ ба кишвардор Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки зимни таҳияи лоиҳаҳои навсозии маҳаллаҳои истиқоматӣ, талаботи баланди санъати меъморӣ, бунёди тамоми зербинои иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ ба назар гирифта шавад. "Супориш дода шуд, ки биноҳои истиқоматӣ аз ҳад баланд ба нақша гирифта нашаванд",- афзудааст манбаъ.Ҳамчунин доир ба васеъ ва ободу зебо намудани роҳҳои кӯчаю хиёбонҳо, ободонии ду паҳлуи роҳҳо, бунёди эстакада ё худ роҳҳои бисёрқабата дар чорроҳаҳои калони сермошин президент дастуру супоришҳо додааст.Таъкид гардид, ки марказҳои калони савдою хизматрасонӣ ва дигар биною иншооти зарурӣ дар ҳамаи минтақаҳои пойтахт, аз ҷумла дар канораҳои он ҳам бояд бунёд ёбанд, то мардум дар ҳама гӯшаҳои шаҳр ба онҳо дастрасӣ дошта бошанд ва ба ин тариқ аз тамбашавии роҳҳо дар кӯчаҳои марказӣ пешгирӣ карда шавад.
https://sputnik.tj/20240122/dushanbe-naqliyot-jamiyat-barq-1061362118.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/17/1061822890_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_0dfae7fb31b328ad58697afc5e019d9c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ президент лоиҳа навсозӣ пойтахт муаррифӣ
рустами эмомалӣ президент лоиҳа навсозӣ пойтахт муаррифӣ
Рустами Эмомалӣ ба президент лоиҳаи навсозӣ дар пойтахтро муаррифӣ кард
20:45 23.02.2024 (Навсозишуда: 20:59 23.02.2024) Шаҳрдорӣ мегӯяд, лоиҳаҳо бо меъёрҳои байналмилалии шаҳрсозӣ таҳия гардида, президент бошад, гуфтааст, ки биноҳои аз ҳад баланд нақша
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои навсозӣ ва ободонии минбаъдаи як қатор кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои пойтахт муаррифӣ кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, бар асоси гузориши шаҳрдорӣ дар доираи татбиқи минбаъдаи Нақшаи генералии пойтахт, як қатор кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои кӯҳнаи пойтахт мавриди навсозию ободонӣ қарор мегиранд.
"Аз ҷумла ободонии канори чапи соҳили дарёи Душанбе дар шафати кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров аз буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ то кӯчаи давродаври ҷанубӣ дар масоҳати наздики 110 гектар бо риояи меъёрҳои иншооти соҳаи маишӣ ва фароғату дилхушӣ ба нақша гирифта шудааст",- афзудааст манбаъ.
Ба ҳамин тартиб хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қаробоев ба самти ғарб то буриши хиёбони Ҷаббор Расулов ва ду шафати кӯчаи Айнӣ то баромадгоҳи шарқии пойтахт дар масоҳати 138,1 гектар мавриди навсозию ободонӣ қарор мегиранд.
Пас аз муаррифӣ ба кишвардор Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки зимни таҳияи лоиҳаҳои навсозии маҳаллаҳои истиқоматӣ, талаботи баланди санъати меъморӣ, бунёди тамоми зербинои иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ ба назар гирифта шавад.
"Супориш дода шуд, ки биноҳои истиқоматӣ аз ҳад баланд ба нақша гирифта нашаванд",- афзудааст манбаъ.
Ҳамчунин доир ба васеъ ва ободу зебо намудани роҳҳои кӯчаю хиёбонҳо, ободонии ду паҳлуи роҳҳо, бунёди эстакада ё худ роҳҳои бисёрқабата дар чорроҳаҳои калони сермошин президент дастуру супоришҳо додааст.
Таъкид гардид, ки марказҳои калони савдою хизматрасонӣ ва дигар биною иншооти зарурӣ дар ҳамаи минтақаҳои пойтахт, аз ҷумла дар канораҳои он ҳам бояд бунёд ёбанд, то мардум дар ҳама гӯшаҳои шаҳр ба онҳо дастрасӣ дошта бошанд ва ба ин тариқ аз тамбашавии роҳҳо дар кӯчаҳои марказӣ пешгирӣ карда шавад.