Раҳмон бо сафари корӣ ба Русия рафт: Киро ҳамроҳ гирифт?

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2024
Обуна шудан
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон сафари Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати васеи мақомдорон ба пойтахти Тотористонро боздиди корӣ арзёбӣ намудаст
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми боздиди корӣ ба шаҳри Қазони Русия сафар кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар мақомдорони баландпоя ҳамроҳӣ мекунанд.
Ба тими ҳамроҳ аз ҷумла муовини сарвазири Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазирони саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ворид шудаанд.
Церемония старта обратного отсчета 300 дней до Игр Будущего в Казани (29 апреля 2023). Москвa - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2024
Варзишкорони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии "Бозиҳои оянда" ширкат мекунанд
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ низ озими Қазон шудаанд.
Ахиран хабар дода шуд, ки президенти Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои дигари минтақа дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии маҷмӯии "Бозиҳои оянда" дар Қазон ширкат мекунанд.
Ин чорабинӣ аз 21 феврал то 3 марти соли равон дар шаҳри Қазон баргузор мешавад.
Тоҷикистонро 35 варзишкор дар сабқатҳои яккаву гуруҳӣ дар панҷ намуд - омехта, барномарезии варзишӣ, "Just dance" ва "Beat Saber" намояндагӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0