Иштироки Раҳмон дар "Бозиҳои оянда" дар Қазон дар назар аст

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонСамолет таджикской делегации
Самолет таджикской делегации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2024
Обуна шудан
Барои иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии "Бозиҳои оянда" тамоми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва як қатор давлатҳои дигар ба Қазон меоянд
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии "Бозиҳои оянда" ба Қазон даъват шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар ин нишаст ҳамчунин раҳбарони Беларус Александр Лукашенко, Қирғизистон - Содир Ҷабборов, Қазоқистон - Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев низ ширкат хоҳанд кард.
Маросими ифтитоҳи нахустин "Бозиҳои оянда" рӯзи 21 феврал дар Қазон баргузор мешавад ва интизор меравад, ки зӯрозмоиҳо то 3 март идома хоҳанд дошт.
Церемония старта обратного отсчета 300 дней до Игр Будущего в Казани (29 апреля 2023). Москвa - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2024
Варзишкорони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии "Бозиҳои оянда" ширкат мекунанд
Дар мусобиқа интизор меравад, ки намояндагони Тоҷикистон низ ширкат хоҳанд кард. Аз ҷумла дар зӯрозмоиҳои инфиродию гуруҳӣ ҷумҳуриро 35 варзишкор муаррифӣ мекунанд.
Онҳо дар панҷ намуд - омехта, барномасозии варзишӣ, Битсейбр ва Ҷастбенг рақобат хоҳанд кард.
Дар маҷмуъ зӯрозмоиҳо дар 21 самт бо истифода аз технологияҳои муосир, муҳити рақамӣ ва фаъолияти ҷисмонӣ гузаронида мешаванд. Ҳар яке аз онҳо мафҳуми “фиҷитал”, ҳамоиши ҷисмонию рақамиро фаро мегиранд.
Дар умум мусобиқа варзиши классикӣ ва киберспорт ё технологияи VR/AR-ро муттаҳид мекунад. Дар ин озмун ҳудуди 2 ҳазор нафар аз 107 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0