https://sputnik.tj/20240220/korshinos-loiha-iqtisod-afghoniston-1061788876.html
Коршинос дар бораи лоиҳае гуфт, ки метавонанд иқтисоди Афғонистонро тағйир диҳад - видео
Коршинос дар бораи лоиҳае гуфт, ки метавонанд иқтисоди Афғонистонро тағйир диҳад - видео
Sputnik Тоҷикистон
Давлати Афғонистон ба лоиҳаҳои иқтисодии кӯтоҳмуддат, аз қабили интиқоли маводи ғизоӣ ва лоиҳаҳои дарозмуддат ниёз дорад
2024-02-20T20:12+0500
2024-02-20T20:12+0500
2024-02-20T20:12+0500
афғонистон
видео
осиёи марказӣ
лоиҳа
иқтисод
коршинос
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/14/1061788638_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_a8f015e9a140ceb3b21424fe6def2374.jpg
Лоиҳаҳоро метавон байни кишварҳои ИДМ, Русия ва Афғонистон инкишоф дод, мегуяд доктори илмхои иктисодӣ Вячеслав Некрасов, аъзои раёсати Шурои тиҷоратӣ дар умури рушди ҳамкории иқтисодӣ бо ҷумурӣ дар Палатаи савдо ва саноати Русия."Афғонистон ба маводи ғизоӣ, молҳои гуногуни Русия ниёз дорад. Афғонҳо ҳатто пешниҳод карданд, ки як хонаи тиҷоратии Русия ташкил намоянд, ки аз он таҷҳизот, либос ва ғизо харидорӣ кунанд", - шарҳ дод коршинос.Коршинос дар бораи Толибон*, гуруҳҳои террористӣ ва хатарҳои ношӣ аз он гуфтБа гуфтаи вай, афғонҳо бештар ба маҳсулоти ғизоии Русия эътимод доранд ва ин корро хеле зуд ташкил кардан мумкин аст. Шаҳрвандони сарватманди Афғонистон, ҳатто агар ба далелҳои амниятӣ берун аз кишвар зиндагӣ кунанд ҳам, омодаанд сармоягузорӣ кунанд.Лоиҳаи дарозмуҳлат мавҷуданд, ба монанди сохтмони роҳи оҳан. Чунин ташаббусҳо аллакай таҳия шудаанд, аз ҷумла бунёди тақрибан 5,5 ҳазор километр роҳҳо, ёдовар шуд ӯ."Ин танҳо кишварро тағйир диҳад ва метавонад онро на ба кайҳон балки наздикии он расонад", - мегӯяд Некрасов.Коршинос: Афғонистон барои эҷоди манбаи ташаннуҷ дар Осиёи Марказӣ истифода мешавадКоршинос ёдовар шуд, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ Афгонистон дар лоиҳаҳои кайҳонӣ низ ширкат мекард — он вақт яке аз афгонҳо ба кайҳон сафар карда буд.Коршинос ҳамчунин бахши нафту газро ояндадор номид. Дар Афғонистон конҳои бисёри канданиҳои фоиданок мавҷуданд, ки онҳоро геологҳои Шӯравӣ солҳои 60—70-ум кашф карда буданд.Некрасов, азхудкунии ин конҳоро хуле муҳим медонад, хусусан ҳозир, ки чаҳон ба захоир бештар эҳтиёҷ дорад.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/14/1061788638_372:0:1280:681_1920x0_80_0_0_70ac003413a6795bc1b0faa3e55e2a4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, афғонистон, осиёи марказӣ, лоиҳа, иқтисод, пешрафт
видео, афғонистон, осиёи марказӣ, лоиҳа, иқтисод, пешрафт
Коршинос дар бораи лоиҳае гуфт, ки метавонанд иқтисоди Афғонистонро тағйир диҳад - видео
Давлати Афғонистон ба лоиҳаҳои иқтисодии кӯтоҳмуддат, аз қабили интиқоли маводи ғизоӣ ва лоиҳаҳои дарозмуддат ниёз дорад
Лоиҳаҳоро метавон байни кишварҳои ИДМ, Русия ва Афғонистон инкишоф дод, мегуяд доктори илмхои иктисодӣ Вячеслав Некрасов, аъзои раёсати Шурои тиҷоратӣ дар умури рушди ҳамкории иқтисодӣ бо ҷумурӣ дар Палатаи савдо ва саноати Русия.
"Афғонистон ба маводи ғизоӣ, молҳои гуногуни Русия ниёз дорад. Афғонҳо ҳатто пешниҳод карданд, ки як хонаи тиҷоратии Русия ташкил намоянд, ки аз он таҷҳизот, либос ва ғизо харидорӣ кунанд", - шарҳ дод коршинос.
Ба гуфтаи вай, афғонҳо бештар ба маҳсулоти ғизоии Русия эътимод доранд ва ин корро хеле зуд ташкил кардан мумкин аст. Шаҳрвандони сарватманди Афғонистон, ҳатто агар ба далелҳои амниятӣ берун аз кишвар зиндагӣ кунанд ҳам, омодаанд сармоягузорӣ кунанд.
Лоиҳаи дарозмуҳлат мавҷуданд, ба монанди сохтмони роҳи оҳан. Чунин ташаббусҳо аллакай таҳия шудаанд, аз ҷумла бунёди тақрибан 5,5 ҳазор километр роҳҳо, ёдовар шуд ӯ.
"Ин танҳо кишварро тағйир диҳад ва метавонад онро на ба кайҳон балки наздикии он расонад", - мегӯяд Некрасов.
Коршинос ёдовар шуд, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ Афгонистон дар лоиҳаҳои кайҳонӣ низ ширкат мекард — он вақт яке аз афгонҳо ба кайҳон сафар карда буд.
Коршинос ҳамчунин бахши нафту газро ояндадор номид. Дар Афғонистон конҳои бисёри канданиҳои фоиданок мавҷуданд, ки онҳоро геологҳои Шӯравӣ солҳои 60—70-ум кашф карда буданд.
Некрасов, азхудкунии ин конҳоро хуле муҳим медонад, хусусан ҳозир, ки чаҳон ба захоир бештар эҳтиёҷ дорад.