Ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ маҳдуд шуд: КҲФ аз хатари тарма ҳушдор дод

© Foto / Хадамоти матбуоти ширкати IRSЗаснеженная трасса Душанбе-Чанак
Заснеженная трасса Душанбе-Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2024
Обуна шудан
Ҳавошиносон аз хатари тармафароӣ дар бузургтарин шоҳроҳи кишвар ҳушдор доданд, ҳаракати нақлиёти боркаш дар ин масир маҳдуд шуд
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон роҳе, ки шимол ва маркази кишварро мепайвандад, баста шуд.
Ба гуфтаи ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки шоҳроҳро нигоҳ мекунад, маҳдудияти ҳаракат қисман манъ аст; маҳдудиятҳо ба мошинҳои боркаш ва ядакдор татбиқ мешаванд.
Гуфта мешавад, ки сабаб бориши барф аст, ки ба ҳаракат монеа шуда, роҳбандӣ ба вуҷуд меорад.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад, ки аз 20 то 24 феврал дар шоҳроҳ, бахусус аз километри 45 то 82 хатари фаромадани тарма ва сангрезӣ боқӣ мемонад.
Тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ мошинҳоро зер кардаст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2024
Мошинҳо дар роҳи Душанбе - Чаноқ зери тарма мондаанд
Огоҳӣ ба ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дахл дорад.
Наҷотдиҳандагон аз сокинон хоҳиш мекунанд, ки аз сафарҳои дуру дароз, рафтан ба минтақаҳои зери тарма худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки рӯзи 19 феврал соати 16:46 дар километри 159-уми шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.
Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсуси ширкати роҳбони IRS истифода шудааст.
Бар асари фаромадани тарма талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0