https://sputnik.tj/20240219/hushdor-sardi-tojikiston-barf-boron-yakhbandi-1061750735.html
Ҳушдор аз сардиҳо дар Тоҷикистон: барфу борону яхбандӣ мешавад
Ҳушдор аз сардиҳо дар Тоҷикистон: барфу борону яхбандӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар қитъаҳои хатарноки шоҳроҳҳои Тоҷикистон нуқтаҳои гармидиҳии шабонарӯзӣ пайдо мешаванд ва ҳама аз он сабаб аст, ки дар ҷумҳурӣ ҳавои сард пешбинӣ мешавад
2024-02-19T10:46+0500
2024-02-19T10:46+0500
2024-02-19T10:52+0500
дар тоҷикистон
кҳф
сармо
яхбандии роҳҳо
агентии ҳавосанҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054451809_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_02a9b59df57c411d5483604a1c560913.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. То 21 феврал дар Тоҷикистон сардии шадид ва бориши борону барф дар назар аст. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад. Гуфта мешавад, дар манотиқи кӯҳистонӣ боридани барфи зиёд имконпазир буда, дар ҷоддаҳо резиши барф, тарма ва яхбандӣ дар назар аст. Ҳамин тариқ, дар вилояти Суғд шабона ва рӯзона то 2-7 дараҷа, дар водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шабона то 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона -3+2 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.Илова бар ин, дар баъзе ноҳияҳои Суғду Хатлон ва НТҶ вазиши шамол то 17-22 м/с мешавад. Бо мақсади саривақт вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ва таъмини бехатарии ҳаракат дар қитъаҳои махсусан осебпазири роҳҳои кишвар: Майхура, ноҳияи Варзоб, километри 72 шоҳроҳи Душанбе - Айнӣ, Душанбе - Ванҷ постҳои шабонарӯзии сайёр таъсис дода шудаанд. Қаблан мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ширкати миллии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ як барномаи мобилии SOS-ро барои кӯмак ба шаҳрвандон дар ҳолатҳои изтирорӣ таҳия карда буданд. Мушаххас карда мешавад, ки барнома дар бораи ҳолатҳои фавқулода, огоҳии фаврӣ дар бораи тағирёбии обу ҳаво ва ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолиро аз рӯи минтақаҳо огоҳ мекунад. Айни замон замима озмоиш карда мешавад ва пас аз он ҳар соҳиби смартфони замонавӣ, ки дар асоси системаҳои оператсионии Android ва iOS асос ёфтааст, метавонад онро насб кунад. Замимаи мобилии SOS як ҳалли ҳамаҷониба барои беҳтар кардани бехатарӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода мебошад.
https://sputnik.tj/20240218/moshin-roh-dushanbe-chanoq-zeri-tarma-1061744866.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054451809_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_5ee3863dc841771db2901260ec711dcd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор сардиҳо тоҷикистон барф борон яхбандӣ
ҳушдор сардиҳо тоҷикистон барф борон яхбандӣ
Ҳушдор аз сардиҳо дар Тоҷикистон: барфу борону яхбандӣ мешавад
10:46 19.02.2024 (Навсозишуда: 10:52 19.02.2024) Дар қитъаҳои хатарноки шоҳроҳҳои Тоҷикистон нуқтаҳои гармидиҳии шабонарӯзӣ пайдо мешаванд ва ҳама аз он сабаб аст, ки дар ҷумҳурӣ ҳавои сард пешбинӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. То 21 феврал дар Тоҷикистон сардии шадид ва бориши борону барф дар назар аст.
Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад.
Гуфта мешавад, дар манотиқи кӯҳистонӣ боридани барфи зиёд имконпазир буда, дар ҷоддаҳо резиши барф, тарма ва яхбандӣ дар назар аст.
Ҳамин тариқ, дар вилояти Суғд шабона ва рӯзона то 2-7 дараҷа, дар водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шабона то 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона -3+2 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.
Илова бар ин, дар баъзе ноҳияҳои Суғду Хатлон ва НТҶ вазиши шамол то 17-22 м/с мешавад.
"Вазъи номусоиди обуҳаво дар кори нақлиёт, алоқа, барқрасонӣ ва хизматрасонии комуналӣ мушкил эҷод мекунад", - таъкид кардааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Бо мақсади саривақт вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ва таъмини бехатарии ҳаракат дар қитъаҳои махсусан осебпазири роҳҳои кишвар: Майхура, ноҳияи Варзоб, километри 72 шоҳроҳи Душанбе - Айнӣ, Душанбе - Ванҷ постҳои шабонарӯзии сайёр таъсис дода шудаанд.
Қаблан мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ширкати миллии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ як барномаи мобилии SOS-ро барои кӯмак ба шаҳрвандон дар ҳолатҳои изтирорӣ таҳия карда буданд.
Мушаххас карда мешавад, ки барнома дар бораи ҳолатҳои фавқулода, огоҳии фаврӣ дар бораи тағирёбии обу ҳаво ва ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолиро аз рӯи минтақаҳо огоҳ мекунад.
Айни замон замима озмоиш карда мешавад ва пас аз он ҳар соҳиби смартфони замонавӣ, ки дар асоси системаҳои оператсионии Android ва iOS асос ёфтааст, метавонад онро насб кунад.
Замимаи мобилии SOS як ҳалли ҳамаҷониба барои беҳтар кардани бехатарӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода мебошад.