https://sputnik.tj/20240218/hunarmandon-tojikiston-grant-1061746061.html
Барои ҳунармандон дар Тоҷикистон гранти президентӣ дода мешавад
Барои ҳунармандон дар Тоҷикистон гранти президентӣ дода мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон дар маҷмуъ 60 гранти раисҷумҳур барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1,5 млн сомонӣ таъсис дода мешавад
2024-02-18T14:46+0500
2024-02-18T14:46+0500
2024-02-18T14:46+0500
дар тоҷикистон
грант
фарҳанг
ҳунарманд
ҳукумат
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102739/02/1027390278_0:88:2775:1649_1920x0_80_0_0_6b391d9d22373d7c8c1d19814461253d.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Ҳар як гранти раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар давоми се соли оянда ба ҳунармандон дода мешавад, 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бо қарори ҳукумат, дар солҳои 2024-2026 дар маҷмуъ 60 гранти президент, барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1,5 млн сомонӣ дода мешавад. Барои ҳар сол 20 грант ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад, афзуд дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон. Дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, Комиссияи босалоҳият таъсис дода мешавад ва грантҳо ба ҳунармандоне ҷудо карда мешаванд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо барои рушди фаъолияти ҳунармандӣ нигаронида шудаанд. Аз ҷумла ба омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишу тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ таваҷҷуҳ дода мешавад. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон бар рушди ҳунармандӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад ва барномаи махсус қабул гардид. Аз ҷумла ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти калонсолон, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 47 марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъсис дода шуд. Барои ҳавасмандгардонии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонии 108 номгӯйи намудҳои фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона аз пардохти ҳамаи андозҳо озод карда шуд, зикр кард дафтари матбуоти президент.
https://sputnik.tj/20231121/hunarmandon-sughd-mahsulot-dasti-video-1060552673.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102739/02/1027390278_157:0:2628:1853_1920x0_80_0_0_0d483c6a24caba368802b40dad2d2d37.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳунарманд, тҷоик, грант, дода мешавад,
ҳунарманд, тҷоик, грант, дода мешавад,
Барои ҳунармандон дар Тоҷикистон гранти президентӣ дода мешавад
Дар Тоҷикистон дар маҷмуъ 60 гранти раисҷумҳур барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1,5 млн сомонӣ таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Ҳар як гранти раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар давоми се соли оянда ба ҳунармандон дода мешавад, 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бо қарори ҳукумат, дар солҳои 2024-2026 дар маҷмуъ 60 гранти президент, барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1,5 млн сомонӣ дода мешавад.
Барои ҳар сол 20 грант ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад, афзуд дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, Комиссияи босалоҳият таъсис дода мешавад ва грантҳо ба ҳунармандоне ҷудо карда мешаванд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо барои рушди фаъолияти ҳунармандӣ нигаронида шудаанд.
Аз ҷумла ба омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишу тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ таваҷҷуҳ дода мешавад.
Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон бар рушди ҳунармандӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад ва барномаи махсус қабул гардид.
Аз ҷумла ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти калонсолон, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 47 марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъсис дода шуд.
Барои ҳавасмандгардонии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонии 108 номгӯйи намудҳои фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона аз пардохти ҳамаи андозҳо озод карда шуд, зикр кард дафтари матбуоти президент.