Душанбею Анқара санаи сафари Эрдуғонро ба Тоҷикистон мувофиқа мекунанд

© AFP 2023 / MURAT CETIN MUHURDARПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2024
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки сафари раисҷумҳури Туркия ба Душанбе барои таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар такон хоҳад бахшад
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон соли равон бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин бо такя ба ҳамтоёни туркияш таъйид намуд.
Ӯ изҳор дошт, ки феълан санаи дақиқ мушаххас нест ва он аз тариқи тамосҳои дипломатӣ мушаххас мешавад. Аммо Муҳриддин муътақид аст, ки ин боздид барои таҳкими ҳамкориҳо мусоидат мекунад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и министр иностранных дел Турции Хакан Фидан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2024
Душанбе бархе ҷузъиёти суҳбату созишҳои вазири Туркия дар Тоҷикистонро баён дошт
"Воқеан боздидҳо дар сатҳи олӣ барои таҳкими ҳамкориҳо такон хоҳанд буд", - гуфт ӯ.
Вазир афзуд, ки зимни сафари Эрдуғон бастаи ҳуҷҷатҳо имзо хоҳанд шуд, аммо феълан теъдоди мушаххасашон маълум нест.
Ӯ зикр намуд, ки роҳбарони Тоҷикистону Туркия ба ниҳодҳои дахлдор дастур доданд, гардиши мол миёни ду кишварро то як миллиард доллари амрикоӣ расонанд ва феълан чораандешиҳо дар ин самт идома доранд.
Душанбе ҳавасманди ҳамкорӣ бо ҷониби Туркия мебошанд, чун он аз зарфиятҳои бузург, чӣ дар бахши бандарҳо, саноат, сайёҳӣ ва ғайра бархӯрдор мебошад, афзуд вазир.
Лентаи хабарҳо
0