Таҷлили хуруҷи нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон дар Душанбе - видео

Обуна шудан
Собиқадорони ҷанги Афғонистон дар 35-умин солгарди хуруҷи нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон дар Душанбе ҷамъ омаданду ёде аз хизмату ҳамяроқони рафта карданд
Дар пойтахти Тоҷикистон 35-умин солгарди берун шудани қушунҳои ҳукумати шӯравӣ аз хоки Афғонистонро, ки охиронаш 15 феврали соли 1989 баромада буд, таҷлил намуданд.
Чорабинии тантанавӣ дар назди муҷассамаи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, пойгоҳи низомии 201-ум, ҳамчунин сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев ва намояндагони иттиҳодияҳои ҷанговарони интернатсионал иштирок доштанд.
Раиси иттиҳодияи интернатсионалистони Тоҷикистон, Шавкат Мирзоев гуфт, ба чорабинӣ ҳамяроқони собиқ аз тамоми қаламрави кишвар омадаанд.
Аз хуруҷи нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон 35 сол гузашт
“Мо 35-умин солгарди берун шудани қушунҳои шӯравӣ аз хоки Афғонистонро таҷлил намоем. Инҷо ҷанговарони интернатсионал аз тамоми гӯшаву канори ватан омадаанд, то бо ҳамяроқони худ дидор намуда, ёде аз даврони хизмати ҳарбии худ кунанд" - изҳор дошт Мирзоев.
Дар рафти чорабинӣ ҳозирин зери нимпайкараи қаҳрамони иттиҳодӣ шӯравӣ гулчанбар гузошта, пас аз анҷоми ин чорабинӣ сари тановули шавлаи ҳарбӣ суҳбатҳои гарме доштанд.
Нерӯҳои шӯравӣ декабри соли 1979 вориди хоки Афғонистон шуда, онро моҳи феврали соли 1989 комилан тарк карданд.
Лентаи хабарҳо
0