https://sputnik.tj/20240215/masulin-donishgoh-khujand-kishvar-hakori-1061716964.html
Донишгоҳи Хуҷанд бештари ҳамкориҳои илмиро бо Русия дорад
Донишгоҳи Хуҷанд бештари ҳамкориҳои илмиро бо Русия дорад
Sputnik Тоҷикистон
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои мухталифи дуру наздик робитаҳои илмӣ барқарор кардааст
2024-02-15T16:40+0500
2024-02-15T16:40+0500
2024-02-15T16:49+0500
дар тоҷикистон
маориф
ҳамкорӣ
хуҷанд
донишгоҳ
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0f/1061709099_0:54:1024:630_1920x0_80_0_0_c5505c1052d640ed3d27ad141d54ea00.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Русия дар сархати кишварҳои хориҷие қарор дорад, ки муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон бо он ҳамкорӣ доранд. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд низ бештар бо донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои мухталифи Русия ҳамкорӣ мекунад. Аз ҳудуди сад макотиби олии хориҷие, ки ин донишгоҳ ҳамкориҳои илмӣ ба роҳ мондааст, ҳудуди нисфашонро донишгоҳу омӯзишгоҳҳои Русия будаанд, иттилоъ дод, ректори ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд, Ҳомидҷон Ҳошимзода.Ӯ шумори донишгоҳҳои ҳамкорро аз Русия - 49 адад, Ӯзбекистон - 21, Қазоқистон - 13, Белорусия - 12, Украина - 2, Латвия - 2, Хитой - 2, ИМА - 1, Ҷопон - 1, Ҳиндустон - 1 адад арзёбӣ кард. ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд аз донишгоҳҳои бонуфӯзи ҷумҳурӣ дониста мешавад, ки ҳамасола садҳо нафар донишҷӯён бо ихтисосҳои мухталиф аз ҷумла ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, бонкдорӣ, молия ва андозбандӣ, барномасозӣ онро хатм мекунанд. Бино ба иттилоъи масъулин алҳол наздик ба 6000 донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона ва фосилавии донишгоҳ таҳсил мекунад. Дар 20 гурӯҳ таҳсил бо забони русӣ сурат мегирад.
хуҷанд
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0f/1061709099_57:0:968:683_1920x0_80_0_0_16a9be068107cced5b33a36d3e9f5e6e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
донишгоҳ, сархат, ҳамкор, русия, хуҷанд
донишгоҳ, сархат, ҳамкор, русия, хуҷанд
Донишгоҳи Хуҷанд бештари ҳамкориҳои илмиро бо Русия дорад
16:40 15.02.2024 (Навсозишуда: 16:49 15.02.2024) Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои мухталифи дуру наздик робитаҳои илмӣ барқарор кардааст
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Русия дар сархати кишварҳои хориҷие қарор дорад, ки муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон бо он ҳамкорӣ доранд.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд низ бештар бо донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои мухталифи Русия ҳамкорӣ мекунад.
Аз ҳудуди сад макотиби олии хориҷие, ки ин донишгоҳ ҳамкориҳои илмӣ ба роҳ мондааст, ҳудуди нисфашонро донишгоҳу омӯзишгоҳҳои Русия будаанд, иттилоъ дод, ректори ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд, Ҳомидҷон Ҳошимзода.
Ӯ шумори донишгоҳҳои ҳамкорро аз Русия - 49 адад, Ӯзбекистон - 21, Қазоқистон - 13, Белорусия - 12, Украина - 2, Латвия - 2, Хитой - 2, ИМА - 1, Ҷопон - 1, Ҳиндустон - 1 адад арзёбӣ кард.
"Дар заминаи чунин ҳамкориҳои илмӣ мо нақша дорем, якҷо бо Русия таҳсилот ё худ факултети муштарак таъсис диҳем" – гуфт, ректор.
ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд аз донишгоҳҳои бонуфӯзи ҷумҳурӣ дониста мешавад, ки ҳамасола садҳо нафар донишҷӯён бо ихтисосҳои мухталиф аз ҷумла ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, бонкдорӣ, молия ва андозбандӣ, барномасозӣ онро хатм мекунанд.
Бино ба иттилоъи масъулин алҳол наздик ба 6000 донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона ва фосилавии донишгоҳ таҳсил мекунад. Дар 20 гурӯҳ таҳсил бо забони русӣ сурат мегирад.