Раҳмон ба прокурорҳои навтаъйин роҳ сӯи эҳтиромро нишон дод: он бо фармон дода намешавад

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти прокуратура таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон, дар мақомоти додситонии кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти прокуратура таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт
Дар феҳрасти додситонҳои навтаъйин аз ҷумла муовини якуми прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини якум ва муовини прокурори вилояти Хатлон, муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб зикр шудаанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2024
Як сол муҳлат, баъд чора андешида мешавад: Ҳушдори Раҳмон ба хизматчиёни давлатӣ
Инчунин прокуророни шаҳру навоҳии Рӯшон, Қубодиён, Панҷакент, Истиқлол ва Ҷаббор Расулов, Роғун, Нуробод низ иваз шудаанд.
Тағйироти кадрӣ ҳамчунин як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии Прокуратураи генералиро фаро гирифтаст, ки ба иттилои дафтари матбуоти президент аз ҳисоби кадрҳои ботаҷриба ва ҷавону дорои маҳорати хуби касбӣ таъин гардиданд.
Президент зимни суҳбат ба риояи тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз он, бахусус ҷиноятҳои вобаста ба терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қаллобӣ ва заминфурӯшӣ дастур додаст.
"Агар хоҳед дар коратон комёб бошед ва соҳиби обурӯ шавед, бо мардум наздик фаъолият намоед, зеро иззату эҳтиром бо амру фармон дода намешавад”, - таъкид кардаст Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0