https://sputnik.tj/20240213/tijorati-khorijii-tojikiston-furush-sangho-qimmatbaho-madan-1061679870.html
Бештари тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз фурӯши сангҳои қимматбаҳову маъдан будааст
Бештари тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз фурӯши сангҳои қимматбаҳову маъдан будааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар сохтори содиротии кишвар ҳиссаи металлҳои қиматбаҳо (гурӯҳи молии 71) ва дигар маъданҳо дар ҷойи авввал будааст, мегӯяд вазири иқтисод 13.02.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-02-13T18:25+0500
2024-02-13T18:25+0500
2024-02-13T18:25+0500
иқтисод
дар тоҷикистон
содирот
вазорати рушди иқтисод ва савдои тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/18/1056636400_0:217:3253:2047_1920x0_80_0_0_b7242a960df011cd95e12bfec7f5a4ed.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев - Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2024 ҳудуди 2 млрду 448,8 млн доллар ба хориҷ молу маҳсулот содир кардаст.Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.Ба гуфтаи ӯ, содироти кишвад дар қиёс ба соли 2022-юм 14,3% ё 306,8 млн. доллар зиёд шудааст.Дар сохтори содиротии кишвар ба гуфтаи вазир ҳиссаи металлҳои қиматбаҳо (гурӯҳи молии 71) дар ҷойи авввал буда 46,6%--ро ташкил медиҳад.Дар ҷойи баъди маъданҳо 15,4%, нахи пахта ва маҳсулот аз он 10,2%, алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он 6,1%, қувваи барқ 4,5%, дигар металлҳои нимқиматбаҳо (сурма) 4,4% аз содиротро ташкил медиҳанд.Ҳиссаи маҳсулоти кишоварзӣ бошад бар содироти кишвар ба 1,9%, таҷҳизоти барқӣ ва семент 1,4%, либосҳои гуногун 1,6% ва маҳсулоти кимиёи ғайриорганикӣ 1%, инчунин сурб ва маҳсулот аз он, металлҳои сиёҳ ва дигар молҳо назаррас аст.Ба гуфтаи Завқизода нишондиҳандаи содироти як қатор молу маҳсулоти нисбатан нав (мис, сурма, либосҳо, ҷуроб, нӯшокиҳои спиртдор ва беспирт, рангҳои сохтмонӣ, халтаҳои бастабандӣ, маҳсулоти тарканда, ресмони химиявӣ, орд, маҳсулоти кимиёӣ, трансформатор ва таҷҳизоти барқӣ, маҳсулот аз коғазу картон) ба 350 млн доллар расидааст.Ӯ афзуд, ки ин маҳсулотҳо ба маблағи 80 миллион доллар нисбат ба соли 2022-юм зиёд ба хориҷ фурӯхта шуданд.Тибқи додаҳои ин ниҳод савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 млрд доллар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 8,3 млрд доллар расид. Аз ин ҳисоб воридот қариби 5,9 млрд доллар ва содирот наздики 2,4 млрдро ташкил додаст.
https://sputnik.tj/20230204/rusiya-buzurgtarin-sharik-tijorati-tojikiston-tabdil-yoft-1054685610.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/18/1056636400_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_a551744afd756597bdbdb98f18b87e40.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисод, дар тоҷикистон, содирот, вазорати рушди иқтисод ва савдои тоҷикистон
иқтисод, дар тоҷикистон, содирот, вазорати рушди иқтисод ва савдои тоҷикистон
Бештари тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз фурӯши сангҳои қимматбаҳову маъдан будааст
Дар сохтори содиротии кишвар ҳиссаи металлҳои қиматбаҳо (гурӯҳи молии 71) ва дигар маъданҳо дар ҷойи авввал будааст, мегӯяд вазири иқтисод
ДУШАНБЕ, 13 фев - Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2024 ҳудуди 2 млрду 448,8 млн доллар ба хориҷ молу маҳсулот содир кардаст.
Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, содироти кишвад дар қиёс ба соли 2022-юм 14,3% ё 306,8 млн. доллар зиёд шудааст.
Дар сохтори содиротии кишвар ба гуфтаи вазир ҳиссаи металлҳои қиматбаҳо (гурӯҳи молии 71) дар ҷойи авввал буда 46,6%--ро ташкил медиҳад.
Дар ҷойи баъди маъданҳо 15,4%, нахи пахта ва маҳсулот аз он 10,2%, алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он 6,1%, қувваи барқ 4,5%, дигар металлҳои нимқиматбаҳо (сурма) 4,4% аз содиротро ташкил медиҳанд.
Ҳиссаи маҳсулоти кишоварзӣ бошад бар содироти кишвар ба 1,9%, таҷҳизоти барқӣ ва семент 1,4%, либосҳои гуногун 1,6% ва маҳсулоти кимиёи ғайриорганикӣ 1%, инчунин сурб ва маҳсулот аз он, металлҳои сиёҳ ва дигар молҳо назаррас аст.
Ба гуфтаи Завқизода нишондиҳандаи содироти як қатор молу маҳсулоти нисбатан нав (мис, сурма, либосҳо, ҷуроб, нӯшокиҳои спиртдор ва беспирт, рангҳои сохтмонӣ, халтаҳои бастабандӣ, маҳсулоти тарканда, ресмони химиявӣ, орд, маҳсулоти кимиёӣ, трансформатор ва таҷҳизоти барқӣ, маҳсулот аз коғазу картон) ба 350 млн доллар расидааст.
Ӯ афзуд, ки ин маҳсулотҳо ба маблағи 80 миллион доллар нисбат ба соли 2022-юм зиёд ба хориҷ фурӯхта шуданд.
Тибқи додаҳои ин ниҳод савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 млрд доллар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 8,3 млрд доллар расид.
Аз ин ҳисоб воридот қариби 5,9 млрд доллар ва содирот наздики 2,4 млрдро ташкил додаст.