https://sputnik.tj/20240211/tojikiston-mardum-eron-inqilobi-islomi-tabrik-1061651592.html
Тоҷикистон мардуми Эронро бо 45-солагии Инқилоби исломӣ табрик кард
Тоҷикистон мардуми Эронро бо 45-солагии Инқилоби исломӣ табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Тоҷикистон изҳор дошт, ки равобити дӯстона миёни кишварҳо, ки арзишҳои муштарак ва таъриху фарҳангӣ ягона доранд, минбаъд низ рушд хоҳанд кард
2024-02-11T19:21+0500
2024-02-11T19:21+0500
2024-02-11T19:21+0500
сироҷиддин муҳриддин
вух-и тоҷикистон
эрон
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060398959_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_86634c805f76b9135783c3b2a1f30179.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба ҳамтоёни худ аз Эрон барқияи табрикотӣ фиристод.Дар ин бора вазорати умури хориҷии Эрон хабар додааст.Гуфта мешавад, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон нома ирсол кардааст."Бо камоли эҳтиром шуморо ба муносибати 45-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ ва Рӯзи миллӣ табрик мегӯем. Пешрафту дастовардҳои Эрон дар ин давра, ба хусус таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, шоистаи ситоиш аст", - таъкид шудааст дар барқия.Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин изҳори умедворӣ кардааст, ки равобити дӯстонаи Тоҷикистону Эрон ба далели муштаракоти таърихӣ ва фарҳангӣ идома хоҳад ёфт."Бо истифода аз ин фурсат, ба кишваратон рушду шукуфоиро таманно дорам", - иброз дошт Сироҷиддин Муҳриддин11 феврал, Эрон 45-умин солгарди инқилоби исломии соли 1979-ро таҷлил мекунад.Дар бештар аз 1,4 хазор шахр ва 35 хазор деҳаҳои ин кишвар роҳпаймоиҳаи идона мегузаранд. Шахр бо байрақҳо ва овезаҳо оро дода шуда дар онҳо шиорҳои инқилобӣ ва динӣ навишта шудаанд.
https://sputnik.tj/20240211/codiroti-barkhe-mahsuloti-kishovarzii-eron-ba-rusiya-5-barobar-afzoish-yoft-1061650664.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060398959_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_04b1751c93f296641d3a0530e37612f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, инқилоби исломӣ, табрик, вазири хориҷа, сироҷиддин муҳриддин
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, инқилоби исломӣ, табрик, вазири хориҷа, сироҷиддин муҳриддин
Тоҷикистон мардуми Эронро бо 45-солагии Инқилоби исломӣ табрик кард
Вазири хориҷаи Тоҷикистон изҳор дошт, ки равобити дӯстона миёни кишварҳо, ки арзишҳои муштарак ва таъриху фарҳангӣ ягона доранд, минбаъд низ рушд хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба ҳамтоёни худ аз Эрон барқияи табрикотӣ фиристод.
Дар ин бора вазорати умури хориҷии Эрон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон нома ирсол кардааст.
"Бо камоли эҳтиром шуморо ба муносибати 45-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ ва Рӯзи миллӣ табрик мегӯем. Пешрафту дастовардҳои Эрон дар ин давра, ба хусус таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, шоистаи ситоиш аст", - таъкид шудааст дар барқия.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин изҳори умедворӣ кардааст, ки равобити дӯстонаи Тоҷикистону Эрон ба далели муштаракоти таърихӣ ва фарҳангӣ идома хоҳад ёфт.
"Бо истифода аз ин фурсат, ба кишваратон рушду шукуфоиро таманно дорам", - иброз дошт Сироҷиддин Муҳриддин
11 феврал, Эрон 45-умин солгарди инқилоби исломии соли 1979-ро таҷлил мекунад.
Дар бештар аз 1,4 хазор шахр ва 35 хазор деҳаҳои ин кишвар роҳпаймоиҳаи идона мегузаранд. Шахр бо байрақҳо ва овезаҳо оро дода шуда дар онҳо шиорҳои инқилобӣ ва динӣ навишта шудаанд.