https://sputnik.tj/20240211/abdurahmon-kanal-qushteppa-sokhta-1061647418.html
Муҳаммад Абдураҳмон: Канали Қуштеппа то соли 2028 сохта мешавад
Муҳаммад Абдураҳмон: Канали Қуштеппа то соли 2028 сохта мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси тоҷик гуфт, ки дар сурати сохтани канали Қуштеппа оби Амударё ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон гардонида мешавад
2024-02-11T11:56+0500
2024-02-11T11:56+0500
2024-02-12T11:36+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
канал
об
осиёи марказӣ
хатар
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0c/1061655091_0:0:1080:608_1920x0_80_0_0_e184ba4a64910e2d36a199cfc02da3be.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Муҳаммад Абдураҳмон, ноиби президенти АМИТ ахиран таъкид кардааст, ки то 40 дарсади оби Амударё аз Тоҷикистон ба ҷониби Афғонистон меравад ва ин барои Осиёи Марказӣ хатари ҷиддии камбуди обро пеш меорад.“Аз ин рӯ, канали Қуштеппа бояд сохта шавад. Ҳоло 100 км Қуштеппа канда шудааст ва то соли 2028 бояд он ба анҷом расад. Дар сурати сохтани канали Қуштеппа оби Амударё ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон гардонида мешавад”, - гуфт коршиноси тоҷик.Ёдовар мешавем, ки Канали Қуштеппа ё Хуштеппа тарҳе аст, ки ҳанӯз дар солҳои ҷумҳурияти Муҳаммад Довудхон (1973-1978) ба вуҷуд омада буд, аммо аз сабаби табадуллотҳои пайдарпайи давлатӣ, иваз шудани низомҳои сиёсӣ ва ҷангҳои давомдор дар Афғонистон ва инчунин мавҷудияти шубҳаҳое, дар мавриди мақсаднок будани он ин тарҳ амалӣ нашуда буд.Фақат дар замони ҳукумати президент Ашраф Ғанӣ ин тарҳ аз нав эҳё гардид, аммо боз ҳам раванди амалӣ шудани он ба кундӣ пеш мерафт.Аммо баъд аз ба сари қудрат олмадани Толибон* дар соли 2021, ҳама корҳо барои оғози сохтмони Қуштеппа омода буд.Толибон* сохтмони Қуштеппаро тарҳи миллӣ ва афзалиятнок эълон карданд ва соли 2022 ба сохтмони он шуруъ карданд.Канали Қуштеппа аз марзи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар мавзеи вулусволии (ноҳияи) Калдори Афғонистон оғоз мешавад ва аз ҳудуди вилоятҳои Балх, Ҷузҷон гузашта, ба вулусволии Андхуйи вилояти Форёб мерасад. Дарозии канал 285 километр, умқаш 8 метр ва бараш беш аз 100 метр мебошад.* - созмон ё гуруҳе, ки барои амалҳои террористиаш зери тазримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20240129/narkh-ob-tojikiston-baland-1061446339.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0c/1061655091_67:0:1027:720_1920x0_80_0_0_833718a67e6acc84b5b73fbb76589b17.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, қуштеппа, канал, об, хаӣар, осиёи марказӣ, амударё, тоҷикистон, ӯзбекистон
афғонистон, толибон, қуштеппа, канал, об, хаӣар, осиёи марказӣ, амударё, тоҷикистон, ӯзбекистон
Муҳаммад Абдураҳмон: Канали Қуштеппа то соли 2028 сохта мешавад
11:56 11.02.2024 (Навсозишуда: 11:36 12.02.2024) Коршиноси тоҷик гуфт, ки дар сурати сохтани канали Қуштеппа оби Амударё ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон гардонида мешавад
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Муҳаммад Абдураҳмон, ноиби президенти АМИТ ахиран таъкид кардааст, ки то 40 дарсади оби Амударё аз Тоҷикистон ба ҷониби Афғонистон меравад ва ин барои Осиёи Марказӣ хатари ҷиддии камбуди обро пеш меорад.
“Аз ин рӯ, канали Қуштеппа бояд сохта шавад. Ҳоло 100 км Қуштеппа канда шудааст ва то соли 2028 бояд он ба анҷом расад. Дар сурати сохтани канали Қуштеппа оби Амударё ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон гардонида мешавад”, - гуфт коршиноси тоҷик.
Ёдовар мешавем, ки Канали Қуштеппа ё Хуштеппа тарҳе аст, ки ҳанӯз дар солҳои ҷумҳурияти Муҳаммад Довудхон (1973-1978) ба вуҷуд омада буд, аммо аз сабаби табадуллотҳои пайдарпайи давлатӣ, иваз шудани низомҳои сиёсӣ ва ҷангҳои давомдор дар Афғонистон ва инчунин мавҷудияти шубҳаҳое, дар мавриди мақсаднок будани он ин тарҳ амалӣ нашуда буд.
Фақат дар замони ҳукумати президент Ашраф Ғанӣ ин тарҳ аз нав эҳё гардид, аммо боз ҳам раванди амалӣ шудани он ба кундӣ пеш мерафт.
Аммо баъд аз ба сари қудрат олмадани Толибон* дар соли 2021, ҳама корҳо барои оғози сохтмони Қуштеппа омода буд.
Толибон* сохтмони Қуштеппаро тарҳи миллӣ ва афзалиятнок эълон карданд ва соли 2022 ба сохтмони он шуруъ карданд.
Канали Қуштеппа аз марзи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар мавзеи вулусволии (ноҳияи) Калдори Афғонистон оғоз мешавад ва аз ҳудуди вилоятҳои Балх, Ҷузҷон гузашта, ба вулусволии Андхуйи вилояти Форёб мерасад. Дарозии канал 285 километр, умқаш 8 метр ва бараш беш аз 100 метр мебошад.
* - созмон ё гуруҳе, ки барои амалҳои террористиаш зери тазримҳои СММ қарор дорад.