https://sputnik.tj/20240210/rustami-emomali-smm-futbol-peshnihod-tafsilot-1061640151.html
Рустами Эмомалӣ ба СММ дар бораи футбол як пешниҳод кард: тафсилот
Рустами Эмомалӣ ба СММ дар бораи футбол як пешниҳод кард: тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Президети ФФТ бо нақши муттаҳидкунандаи футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ ишора карда, пешниҳод дорад, ки рӯзе махсус ба ин навъи варзиш бахшида шавад
2024-02-10T10:28+0500
2024-02-10T10:28+0500
2024-02-12T11:11+0500
дар тоҷикистон
футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон
рустами эмомалӣ
смм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/01/1060281406_132:157:1268:796_1920x0_80_0_0_39ca60fcb20671b767d36110533a4b53.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев – Sputnik. Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон ФФТ Рустами Эмомалӣ, ба СММ пешниҳод намуданд, ки “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” расман эълон гардад.Дар ин бора ӯ зимни паёми видеоияш, ки котиботаш нашр кард, изҳор медорад.Ба гуфтаи вай, нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, тариқи қабули Қатъномаи махсуси созмон чунин тасмим гирифта шавад.Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, гуфтааст, ки мардумони сайёраи Замин бештар аз 150 сол аст, ки ба футбол машғуланд ва ин бозӣ аз замони пайдоиш то кунун як вазифа ва як ҳадаф дорад, ки он ба ҳам овардани инсонҳо мебошад.Маълум аст, ки футбол дар баъзан кишварҳо ҳамчун варзиш маъруф аст, вале он танҳо як бозӣ нест.Ӯ дар идома мегӯяд, ин намуди варзиш як падидаи фарҳанги умумиҷаҳонист, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур мекунад.Президенти ФФТ бо ишора ба нақши футбол мегӯяд, он варзишест, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони унверсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунад.Ёдовар мешавем, ки Рустами Эмомалӣ дар футболи минтақавӣ нақши муаян дорад.Мавсуф тайи чанд давра аст, ки ФФТ ва ҳамчунин CAFA-ро роҳбарӣ мекунад, ки ахиран барои раушди чашмгир аз ҷониби раҳбарияти КФО баҳои баланд гирифта буд.
https://sputnik.tj/20240123/muntakhab-tojikiston-piruzi-mavqe-reytingi-fifa-bolo-1061370197.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/01/1060281406_181:62:1235:853_1920x0_80_0_0_6e357cddb01d999c4771a0f0b856a9d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ смм футбол пешниҳод тафсилот
рустами эмомалӣ смм футбол пешниҳод тафсилот
Рустами Эмомалӣ ба СММ дар бораи футбол як пешниҳод кард: тафсилот
10:28 10.02.2024 (Навсозишуда: 11:11 12.02.2024) Президети ФФТ ба нақши муттаҳидкунандаи футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ ишора карда, пешниҳод дорад, ки рӯзе махсус ба ин навъи варзиш бахшида шавад
ДУШАНБЕ, 10 фев – Sputnik. Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон ФФТ Рустами Эмомалӣ, ба СММ пешниҳод намуданд, ки “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” расман эълон гардад.
Дар ин бора ӯ зимни паёми видеоияш, ки котиботаш нашр кард, изҳор медорад.
Ба гуфтаи вай, нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, тариқи қабули Қатъномаи махсуси созмон чунин тасмим гирифта шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, гуфтааст, ки мардумони сайёраи Замин бештар аз 150 сол аст, ки ба футбол машғуланд ва ин бозӣ аз замони пайдоиш то кунун як вазифа ва як ҳадаф дорад, ки он ба ҳам овардани инсонҳо мебошад.
“Имрӯз ҳатто дар хурдтарин мамлакати олам одамон ба футболбозӣ машғуланд, яъне футбол ҳамчун маҳсули эҷоди тафаккури инсонӣ аз як бозии оддӣ ба омили пайвандгари инсоният табдил ёфтааст”,- таъкид кардааст шаҳрдори Душанбе.
Маълум аст, ки футбол дар баъзан кишварҳо ҳамчун варзиш маъруф аст, вале он танҳо як бозӣ нест.
Ӯ дар идома мегӯяд, ин намуди варзиш як падидаи фарҳанги умумиҷаҳонист, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур мекунад.
Президенти ФФТ бо ишора ба нақши футбол мегӯяд, он варзишест, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони унверсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Рустами Эмомалӣ дар футболи минтақавӣ нақши муаян дорад.
Мавсуф тайи чанд давра аст, ки ФФТ ва ҳамчунин CAFA-ро роҳбарӣ мекунад, ки ахиран барои раушди чашмгир аз ҷониби раҳбарияти КФО баҳои баланд гирифта буд.