https://sputnik.tj/20240209/benzin-solyarka-pastsifat-sughd-oshkor-1061626090.html
“Аи-92 ё 90?”: Даҳҳо тон бензину соляркаи пастсифат дар Суғд ошкор шуд
“Аи-92 ё 90?”: Даҳҳо тон бензину соляркаи пастсифат дар Суғд ошкор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бесифатии чанд намунаи маҳсулоти нафтӣ аз ҷумла бензину солярка зимни гузаронидани ташхис дар озмоишгоҳи "Тоҷикистандарт" дар вилояти Суғд маълум шудааст
2024-02-09T15:55+0500
2024-02-09T15:55+0500
2024-02-09T15:55+0500
дар тоҷикистон
энергетика
бензин
сифат
тоҷикстандарт
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/14/1044265975_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_542a65eabdd6ac10cacff79e985a965e.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев – Sputnik. Идораи "Тоҷикстандарт" дар шимоли Тоҷикистон маводи сӯхтеро ошкор кардааст, ки ба меъёрҳо ҷавобгӯй нест. Дар ин бора сардори шуъбаи озамоишгоҳи маҳсулоти нафтии "Тоҷикистандарт" дар вилояти Суғд Ғафурҷон Эргашев иттилоъ дод. Ба гуфтаи манбаъ, санҷишҳои озмоишии онҳо давоми як соли охир маълум намудааст, ки дар 21 намуна ғайристандартӣ будани маҳсулоти нафтӣ ошкор гардидааст, ки дар ин миён аз ҳама бештар сӯзишвории дизелӣ будааст. “Барои мисол бензини автомобил 520 кило, сӯзишвории дизелӣ 245 тон ва моеъи хунуккунанда 2,4 тон буда, миқдори умумии маҳсулоти нафтии ғайристандартӣ беш аз 248 тоннаро ташкил медиҳад. Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022, 213 тон зиёд гардидааст”, – гуфт Эргашев. Ин масъул таъкид кард, ки зимни санҷиш маълум шудааст, ки дар таркиби солярка мавҷудияти миқдори моддаҳои сулфур як дараҷа аз меъёр изофа буда, истифодаи чунин маводи сӯхт ба кори муҳаррики автомобил таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамчунин ташхиси озмоишгоҳии таркиби бензин муайян кардааст, ки дар таркиби ин навъ маводи сӯхт дараҷаи фраксионӣ ва аксанӣ аз меъёр паст аст. Дар мавриди моеъи хунуккунанда ошкор шудааст, ки дар он ҳарорати аввали кристалшавӣ нисбатан баланд будааст. Дар идораи "Тоҷикистандарт" гуфтанд, ки чунин маҳсулоти пастсифат аз фурӯш боздошта шуда ва бархеи он дубора ба ширкатҳои воридкунанда барои коркарди иловагӣ интиқол дода шудааст. Маводи сӯхт аз ҷумла бензин ва сӯзишвории дизелии дорои сифати баланд асосан аз Русия ва Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид карда мешавад.
https://sputnik.tj/20240208/narkh-mavodi-sukht-kishvarhoi-iiao-1061608868.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/14/1044265975_227:0:2958:2048_1920x0_80_0_0_5182676b8d0a4efcc569a8b686c14db3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пастсифат, сӯзишворӣ, бензин, ошкор, тоҷикстандарт
пастсифат, сӯзишворӣ, бензин, ошкор, тоҷикстандарт
“Аи-92 ё 90?”: Даҳҳо тон бензину соляркаи пастсифат дар Суғд ошкор шуд
Бесифатии чанд намунаи маҳсулоти нафтӣ аз ҷумла бензину солярка зимни гузаронидани ташхис дар озмоишгоҳи "Тоҷикистандарт" дар вилояти Суғд маълум шудааст
ДУШАНБЕ, 9 фев – Sputnik. Идораи "Тоҷикстандарт" дар шимоли Тоҷикистон маводи сӯхтеро ошкор кардааст, ки ба меъёрҳо ҷавобгӯй нест.
Дар ин бора сардори шуъбаи озамоишгоҳи маҳсулоти нафтии "Тоҷикистандарт" дар вилояти Суғд Ғафурҷон Эргашев иттилоъ дод.
Ба гуфтаи манбаъ, санҷишҳои озмоишии онҳо давоми як соли охир маълум намудааст, ки дар 21 намуна ғайристандартӣ будани маҳсулоти нафтӣ ошкор гардидааст, ки дар ин миён аз ҳама бештар сӯзишвории дизелӣ будааст.
“Барои мисол бензини автомобил 520 кило, сӯзишвории дизелӣ 245 тон ва моеъи хунуккунанда 2,4 тон буда, миқдори умумии маҳсулоти нафтии ғайристандартӣ беш аз 248 тоннаро ташкил медиҳад. Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022, 213 тон зиёд гардидааст”, – гуфт Эргашев.
Ин масъул таъкид кард, ки зимни санҷиш маълум шудааст, ки дар таркиби солярка мавҷудияти миқдори моддаҳои сулфур як дараҷа аз меъёр изофа буда, истифодаи чунин маводи сӯхт ба кори муҳаррики автомобил таъсири манфӣ мерасонад.
Ҳамчунин ташхиси озмоишгоҳии таркиби бензин муайян кардааст, ки дар таркиби ин навъ маводи сӯхт дараҷаи фраксионӣ ва аксанӣ аз меъёр паст аст. Дар мавриди моеъи хунуккунанда ошкор шудааст, ки дар он ҳарорати аввали кристалшавӣ нисбатан баланд будааст.
Дар идораи "Тоҷикистандарт" гуфтанд, ки чунин маҳсулоти пастсифат аз фурӯш боздошта шуда ва бархеи он дубора ба ширкатҳои воридкунанда барои коркарди иловагӣ интиқол дода шудааст. Маводи сӯхт аз ҷумла бензин ва сӯзишвории дизелии дорои сифати баланд асосан аз Русия ва Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид карда мешавад.