https://sputnik.tj/20240207/rahmon-ojonsi-ziddi-fasod-taghyirot-kadri-1061592711.html
Тағйироти кадрӣ дар Оҷонсии мубориза алайҳи фасод: президент киҳоро таъйину барканор кард
Тағйироти кадрӣ дар Оҷонсии мубориза алайҳи фасод: президент киҳоро таъйину барканор кард
Sputnik Тоҷикистон
Президент ба кадрҳои навтаъйин дастур дод, ки алайҳи ҳамагуна ҷиноят муборизаи беамон баранд ва харҷи босамари маблағҳои буҷетиро назорат кунанд 07.02.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-02-07T14:51+0500
2024-02-07T14:51+0500
2024-02-07T16:15+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
оҷонсии мубориза зидди коррупсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103070/57/1030705739_0:105:2049:1257_1920x0_80_0_0_d6d980d974cbc7a7d9f549917891ff68.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат кадрҳои Оҷонсии мубориза алайҳи фасодро ҷобаҷо кард.Ба иттилои дафтари матбуоти роҳбари давлат, бо фармони Эмомалӣ Рамҳон муовини якуми директори Оҷонсии мубориза алайҳи фасод аз вазифа барканор шуд.Бо фармони дигар, ба ин курсӣ Расулӣ Барот такя зад.Ҳамчунин, Аҳмадзода Музаффар, муовини директори ин ниҳод бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Камолзода Фирӯз таъйин гардид. Дафтари матбуоти президент хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо судури се қарор кадрҳои Саридораи ҳифзи сирри давлатиро низ ҷобаҷо кард.Аз ҷумла, Сафарзода Муҳаммад бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ озод ва курсии ӯро Аҳмадзода Дилноза ишғол кард.Ҳамчунин, Шарифзода Фирӯз муовини якуми сардори ин ниҳод таъйин шуд.Манбаъ меафзояд, роҳбари давлат зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъйин аз камбуду норасоиҳо дар кори ин ё он мақоми давлатӣ гуфта, даъват намуд, ки алайҳи ҳамагуна ҷинояткориҳо бояд муборизаи беамон баранд.Донистани ду забони хориҷӣ, содиқона ба давлату халқ хизмат карданро президент аз вазифаи асосии кадрҳои тозатаъйин номбар кард.
https://sputnik.tj/20240206/bozdosht-rahbar-muhosib-shirkat-sipar-kom-millionho-zarar-davlat-1061579717.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103070/57/1030705739_116:0:1931:1361_1920x0_80_0_0_512384ff3a6647102c2ffa2694970c52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , оҷонсии мубориза зидди коррупсия
дар тоҷикистон, сиёсат , оҷонсии мубориза зидди коррупсия
Тағйироти кадрӣ дар Оҷонсии мубориза алайҳи фасод: президент киҳоро таъйину барканор кард
14:51 07.02.2024 (Навсозишуда: 16:15 07.02.2024) Президент ба кадрҳои навтаъйин дастур дод, ки алайҳи ҳамагуна ҷиноят муборизаи беамон баранд ва харҷи босамари маблағҳои буҷетиро назорат кунанд
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат кадрҳои Оҷонсии мубориза алайҳи фасодро ҷобаҷо кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти роҳбари давлат, бо фармони Эмомалӣ Рамҳон муовини якуми директори Оҷонсии мубориза алайҳи фасод аз вазифа барканор шуд.
"Сафарзода Суҳроб бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори оҷонсии мубориза алайҳи фасод озод карда шуд", - омадааст дар фармони роҳбари давлат.
Бо фармони дигар, ба ин курсӣ Расулӣ Барот такя зад.
Ҳамчунин, Аҳмадзода Музаффар, муовини директори ин ниҳод бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Камолзода Фирӯз таъйин гардид.
Дафтари матбуоти президент хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо судури се қарор кадрҳои Саридораи ҳифзи сирри давлатиро низ ҷобаҷо кард.
Аз ҷумла, Сафарзода Муҳаммад бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ озод ва курсии ӯро Аҳмадзода Дилноза ишғол кард.
Ҳамчунин, Шарифзода Фирӯз муовини якуми сардори ин ниҳод таъйин шуд.
Манбаъ меафзояд, роҳбари давлат зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъйин аз камбуду норасоиҳо дар кори ин ё он мақоми давлатӣ гуфта, даъват намуд, ки алайҳи ҳамагуна ҷинояткориҳо бояд муборизаи беамон баранд.
Донистани ду забони хориҷӣ, содиқона ба давлату халқ хизмат карданро президент аз вазифаи асосии кадрҳои тозатаъйин номбар кард.