Ба Петр Сегрт унвони баланд доданд

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонГлавный тренер национальной сборной Таджикистана Петр Сегрт
Главный тренер национальной сборной Таджикистана Петр Сегрт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2024
Обуна шудан
Мураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки дар Қатар таърихсозӣ карданд, акнун дар ватан бо унвони баланд қадрдонӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Петр Сегрт унвони "Мураббии дараҷаи олии Тоҷикистон" гирифт, хабар дод ФФТ.
Ба иттилои манбаъ, унвони мазкур ба мурабии мунтахаби Тоҷикистон бо фармони раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Зулфиқор Гулаҳмадзода дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки тими милли Тоҷикистон бо роҳбарии мураббии хорватӣ дар Ҷоми Осиё - 2023 таърихсозӣ карданд.
Футболбозони тоҷик аз ҷумла бар тимҳои пурқуввати АМА ва Лубнон ғолиб омада, бо мунтахаби Чин мусовӣ карданд.
Главный тренер сборной Таджикистана Петр Сегрт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2024
Мунтахаби Тоҷикистон бармегардад: Сегрт гуфт, сарбаландона меоянд
Ҷамъан, мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 панҷ вохӯрӣ анҷом дод.
Дар даври 1/4 ниҳоӣ футболбозони тоҷик аз тими Урдун шикаст хӯрданд ва мубориза дар Ҷоми Осиё - 2023 барои онҳо анҷом ёфт.
Бояд гуфт, мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин баромади худ дар Ҷоми Осиё-2023 ба қатори ҳаштгонаи беҳтарини қитъа ворид шуданд.
Лентаи хабарҳо
0