https://sputnik.tj/20240207/arzish-gaz-moe-tojikiston-poyon-shud-1061589569.html
Арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон каме поён шуд
Арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон каме поён шуд
Sputnik Тоҷикистон
Нархи гази моеъ яке аз серистифодатарин маводи сӯхт дар Тоҷикистон тайи рӯзҳои охир як каме арзон шудааст
2024-02-07T09:45+0500
2024-02-07T09:45+0500
2024-02-07T11:11+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
гази моеъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/16/1057285040_0:162:3066:1887_1920x0_80_0_0_90bfaa44885a1c3a4ea47216d8356020.jpg
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Фурӯши гази моеъ давоми чанд вақти охир бетағйир монда буд ва тайи ду рӯзи охир ба 6, 4 – 6, 2 сомонӣ поён шудааст.То ин вақт дар тоблӯҳои ширкатҳои таъминоти сӯзишвории нақлиёт фурӯши гази моеъ 6, 8 – 6, 9 сомонӣ нишон дода мешуд. Зимнан нархи дигар навъи маводи сӯхт бетағйир монда, феълан чунин аст:Исмоил Комилов, роҳбари яке аз ширкатҳои фурӯши таъминоти сӯзишворӣ сабаби арзон шудани нархи гази моеъро шарҳ дод. Ӯ гуфт, ҳоло қимати ҳар кило фурӯши яклухти гази моеъ то 10, 2 сомонӣ поён шудааст, ки ин раванд ба фурӯши чаканаи он низ таъсири амиқи мусбӣ мерасонад. Зикр бояд кард, ки қимати гази моеъ дар Тоҷикистон дар поёни соли гузашта ба таври назаррас ва ҳатто “рекордӣ” баланд шуда, бо нархи гарон ҳам дарёфти он мушкил шуда буд. Дар моҳҳои сентябр – октябри соли 2023 нархи гази моеъ дар навоҳии Тоҷикистон марзи 7, 6 – 7, 8 сомониро гузашта буд. Он замон ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт сабабии гароншавии нархро ба болоравии нархи воридоти он шарҳ медоданд.Воридоти маводи сӯзишворӣ ба бозорҳои Тоҷикистон аз кишварҳои Қазокистону Русия сурат мегирад.
https://sputnik.tj/20240201/tojikiston-naft-gaz-beshtar-kharid-furushanda-asos-kist-1061504068.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/16/1057285040_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_9a12a447ff3ce890d393d01023095eec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон газ арзон
Арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон каме поён шуд
09:45 07.02.2024 (Навсозишуда: 11:11 07.02.2024) Нархи гази моеъ яке аз серистифодатарин маводи сӯхт дар Тоҷикистон тайи рӯзҳои охир каме арзон шудааст
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Фурӯши гази моеъ давоми чанд вақти охир бетағйир монда буд ва тайи ду рӯзи охир ба 6, 4 – 6, 2 сомонӣ поён шудааст.
То ин вақт дар тоблӯҳои ширкатҳои таъминоти сӯзишвории нақлиёт фурӯши гази моеъ 6, 8 – 6, 9 сомонӣ нишон дода мешуд.
Зимнан нархи дигар навъи маводи сӯхт бетағйир монда, феълан чунин аст:
сӯзишвории дизелӣ - 11,4 сомонӣ
Исмоил Комилов, роҳбари яке аз ширкатҳои фурӯши таъминоти сӯзишворӣ сабаби арзон шудани нархи гази моеъро шарҳ дод. Ӯ гуфт, ҳоло қимати ҳар кило фурӯши яклухти гази моеъ то 10, 2 сомонӣ поён шудааст, ки ин раванд ба фурӯши чаканаи он низ таъсири амиқи мусбӣ мерасонад.
“Пештар килои гази моеъро бо нархи 11, 5 сомонӣ дастрас мекарданд. Ду се рӯз ба ин тараф ширкатҳои воридкунанда гази моеъро бо нархи нисбатан арзон дастрас карда истодаанд”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Зикр бояд кард, ки қимати гази моеъ дар Тоҷикистон дар поёни соли гузашта ба таври назаррас ва ҳатто “рекордӣ” баланд шуда, бо нархи гарон ҳам дарёфти он мушкил шуда буд.
Дар моҳҳои сентябр – октябри соли 2023 нархи гази моеъ дар навоҳии Тоҷикистон марзи 7, 6 – 7, 8 сомониро гузашта буд. Он замон ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт сабабии гароншавии нархро ба болоравии нархи воридоти он шарҳ медоданд.
Воридоти маводи сӯзишворӣ ба бозорҳои Тоҷикистон аз кишварҳои Қазокистону Русия сурат мегирад.