https://sputnik.tj/20240206/megafon-life-mablaghho-20-kishvar-jahon-intiqol-1061580191.html
"МегаФон Life": маблағҳоро ба 20 кишвари ҷаҳон интиқол диҳед!
"МегаФон Life": маблағҳоро ба 20 кишвари ҷаҳон интиқол диҳед!
Sputnik Тоҷикистон
Имкониятҳои истифодабарандагони интиқоли маблағ дар замимаи мобилии "МегаФон Life" қариб даҳ баробар васеъ шуданд.
2024-02-06T13:35+0500
2024-02-06T13:35+0500
2024-02-06T14:03+0500
ахбори ширкатҳо
мегафон-тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/05/1061571858_0:324:1280:1044_1920x0_80_0_0_e360a0089e0d170ab2dcd9f1565c6fd5.jpg
Агар қаблан интиқол танҳо ба Русия ё Тоҷикистон имконпазир буд, пас ҳоло бошад ба ин рӯйхат 20 кишвари Аврупо ва Осиё шомил шудааст. Хизматрасонии нави "VISA Direct" дар "Ҳамён"-и замимаи мобилии ширкати "МегаФон Тоҷикистон" якҷоя бо ТАҚХ "Ҳумо" фаъол карда шуд."VISA Direct" имкон медиҳад, ки воситаҳои пулӣ ба Озарбойҷон, Англия, Арманистон, Беларус, Олмон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Малайзия, Молдова, АМА, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Чехия, Эстония ва Кореяи Ҷанубӣ фиристода шаванд.Барои интиқолдиҳӣ бояд рақами корти VISA, насаб ва номи шахси қабулкунандаро донед. Ҳатто дар сурати анҷомёбии транзаксия байни кортҳои VISA-и бонкҳои гуногун, пул фавран ворид мешавад. Комиссия 1%-и маблағи интиқолро ташкил медиҳад, ки ин яке аз пешниҳодҳои муфидтарин дар бозори молиявии кишвар маҳсуб меёбад.Барои истифода аз хизматрасонии "VISA Direct" лозим аст, ки дар "Ҳамён"-и замимаи "МегаФон Life" қисмҳои "Интиқол ва кортҳо" - "Интиқоли маблағ"-ро пахш намоед. Баъдан кишварро интихоб кунед ва рақами корти шахси қабулкунанда, ҳаҷми маблағро ворид намуда, тугмаи "Интиқол кардан" -ро зер кунед.
https://sputnik.tj/20220825/megafon-life-fest-imkoniyathoi-navi-shumo-1050927868.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/05/1061571858_0:65:1280:1025_1920x0_80_0_0_6d8b4248c46807efa08a98a9d6bf0907.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"мегафон life": маблағ кишвар ҷаҳон интиқол
"мегафон life": маблағ кишвар ҷаҳон интиқол
"МегаФон Life": маблағҳоро ба 20 кишвари ҷаҳон интиқол диҳед!
13:35 06.02.2024 (Навсозишуда: 14:03 06.02.2024) Ахбори ширкатҳо
Имкониятҳои истифодабарандагони интиқоли маблағ дар замимаи мобилии "МегаФон Life" қариб даҳ баробар васеъ шуданд.
Агар қаблан интиқол танҳо ба Русия ё Тоҷикистон имконпазир буд, пас ҳоло бошад ба ин рӯйхат 20 кишвари Аврупо ва Осиё шомил шудааст. Хизматрасонии нави "VISA Direct" дар "Ҳамён"-и замимаи мобилии ширкати "МегаФон Тоҷикистон" якҷоя бо ТАҚХ "Ҳумо" фаъол карда шуд.
"VISA Direct" имкон медиҳад, ки воситаҳои пулӣ ба Озарбойҷон, Англия, Арманистон, Беларус, Олмон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Малайзия, Молдова, АМА, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Чехия, Эстония ва Кореяи Ҷанубӣ фиристода шаванд.
Барои интиқолдиҳӣ бояд рақами корти VISA, насаб ва номи шахси қабулкунандаро донед. Ҳатто дар сурати анҷомёбии транзаксия байни кортҳои VISA-и бонкҳои гуногун, пул фавран ворид мешавад. Комиссия 1%-и маблағи интиқолро ташкил медиҳад, ки ин яке аз пешниҳодҳои муфидтарин дар бозори молиявии кишвар маҳсуб меёбад.
Барои истифода аз хизматрасонии "VISA Direct" лозим аст, ки дар "Ҳамён"-и замимаи "МегаФон Life" қисмҳои "Интиқол ва кортҳо" - "Интиқоли маблағ"-ро пахш намоед. Баъдан кишварро интихоб кунед ва рақами корти шахси қабулкунанда, ҳаҷми маблағро ворид намуда, тугмаи
"Интиқол кардан" -ро зер кунед.