https://sputnik.tj/20240204/shirkat-rusi-kulob-qgektar-zamin-judo-1061547238.html
Раиси Кӯлоб ба ширкати русиягӣ қариб 2 ҳазор гектар замин дод
Раиси Кӯлоб ба ширкати русиягӣ қариб 2 ҳазор гектар замин дод
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Кӯлоб аз қарораш барои ҷудо намудани қариб 1,9 ҳазор гектар заминҳои корам барои ширкати русиягӣ хабар дода, интизориҳояшро баён дошт
2024-02-04T10:40+0500
2024-02-04T10:40+0500
2024-02-04T10:55+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
саноат
кӯлоб
сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337297_0:28:3000:1716_1920x0_80_0_0_a60b887ef9ef90996d77a5fd68541808.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷиро таҳким мебахшад. Дар ин бора раиси шаҳри Кӯлоб, Бахтиёр Назарзода иттилоъ дода, афзуд, ки барои рушди соҳаи саноат дар шаҳр ташаббускорони хориҷиро ҷалб ва дастгирӣ мекунад. Вай аз ширкати русиягии "БТК-груп" мисол овард, ки ба он барои таъсиси маҷмааи нассоҷӣ бо қарори раиси шаҳр аз ҳисоби заминҳои корам ба масоҳати 1895 гектар барои истифодаи дарозмуддат дода шуд, навиштааст нашрияи ҳукуматии "Ҷумҳурият". Назарзода изҳори боварӣ намудаст, ки дар ин маҷмаа чандин ҷойҳои нави корӣ ташкил хоҳанд шуд. Дар мавриди вазъи феълию сармоягузориҳои дохилӣ ба МОИ "Кӯлоб" дар соли гузашта иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби ширкати ҶДММ "Тоҷик алмос" корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти ҳавотозакунӣ ва равғани автомошина бунёд ёфт. Дар корхонаи мазкур, 17 нафар мутахассиси маҳаллӣ, аз ҷумла 14 зан, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Дар баробари ин аз ҷониби ҶДММ "Кӯлоб агросаноат" корхонаи истеҳсоли намак, равғани рустанӣ ва набот сохта мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар ин самт бомаром ҷараён доранд, афзуд раиси Кӯлоб. Ба иттилои ӯ, дар маҷмуъ соли гузашта дар Кӯлоб истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 387 млн сомонӣ расонда шуда, дар шаҳр 29 корхонаи хурду миёна бунёд гардида, фаъолият мекунанд.
https://sputnik.tj/20240203/kishvarho-iiao-hisobbarobarkuni-pul-milli-1061541503.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337297_205:0:2872:2000_1920x0_80_0_0_5e16a3884ae5852f560bfabba8282dc3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ширкат, русӣ, гектар, замин, тақсим, ҷудо
ширкат, русӣ, гектар, замин, тақсим, ҷудо
Раиси Кӯлоб ба ширкати русиягӣ қариб 2 ҳазор гектар замин дод
10:40 04.02.2024 (Навсозишуда: 10:55 04.02.2024) Раиси шаҳри Кӯлоб аз қарораш барои ҷудо намудани қариб 1,9 ҳазор гектар заминҳои корам барои ширкати русиягӣ хабар дода, интизориҳояшро баён дошт
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷиро таҳким мебахшад.
Дар ин бора раиси шаҳри Кӯлоб, Бахтиёр Назарзода иттилоъ дода, афзуд, ки барои рушди соҳаи саноат дар шаҳр ташаббускорони хориҷиро ҷалб ва дастгирӣ мекунад.
Вай аз ширкати русиягии "БТК-груп" мисол овард, ки ба он барои таъсиси маҷмааи нассоҷӣ бо қарори раиси шаҳр аз ҳисоби заминҳои корам ба масоҳати 1895 гектар барои истифодаи дарозмуддат дода шуд, навиштааст нашрияи ҳукуматии "Ҷумҳурият".
Назарзода изҳори боварӣ намудаст, ки дар ин маҷмаа чандин ҷойҳои нави корӣ ташкил хоҳанд шуд.
Дар мавриди вазъи феълию сармоягузориҳои дохилӣ ба МОИ "Кӯлоб" дар соли гузашта иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби ширкати ҶДММ "Тоҷик алмос" корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти ҳавотозакунӣ ва равғани автомошина бунёд ёфт.
Дар корхонаи мазкур, 17 нафар мутахассиси маҳаллӣ, аз ҷумла 14 зан, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Дар баробари ин аз ҷониби ҶДММ "Кӯлоб агросаноат" корхонаи истеҳсоли намак, равғани рустанӣ ва набот сохта мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар ин самт бомаром ҷараён доранд, афзуд раиси Кӯлоб.
Ба иттилои ӯ, дар маҷмуъ соли гузашта дар Кӯлоб истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 387 млн сомонӣ расонда шуда, дар шаҳр 29 корхонаи хурду миёна бунёд гардида, фаъолият мекунанд.