https://sputnik.tj/20240204/iiao-tojikiston-futbolbozonash-rusiya-legioner-1061551654.html
Ба мисли ИИАО: Тоҷикистон мехоҳад, футболбозонаш дар Русия "легионер" ҳисоб нашаванд
Ба мисли ИИАО: Тоҷикистон мехоҳад, футболбозонаш дар Русия "легионер" ҳисоб нашаванд
Sputnik Тоҷикистон
Масъала дар ҳоле ба миён гузошта шуд, ки аз мавсими солҳои 2022-2023, Лигаи олии Русия маҳдудияти бозигарони хориҷиро то 13 нафар муайян кард
2024-02-04T18:00+0500
2024-02-04T18:00+0500
2024-02-04T18:00+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
легионер
русия
бозӣ
тим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0d/1032260113_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_1f69bf0dce618d29c8e6cddcabd492bd.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ҳалли масъалаи лағви мақоми "легионер"-и футболбозони тоҷик, ки дар Русия бозӣ мекунанд, мушаххастарро тақозо мекунад.Дар ин бора ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Алишер Урунов хабар дод.Гуфта мешавад, ки футболбозони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон футболбозони хориҷӣ ҳисобида намешаванд.Тоҷикистон хостори ҳалли ин масъала аст, аммо то ҳол мушаххас нест, изҳор доштаст мақомдори ФФТ дар сӯҳбат бо РИА "Новости". Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки ҳатто ду тарбиятгирифтаи футболи Тоҷикистон дар Лигаи олӣ кор мекарданд ва Рашид Раҳимову Игор Черевченкоро ном бурд. "Тоҷикистон як кишвари хурд, вале хеле ва хеле футболист, ки анъанаҳои азим дорад. Аз ин рӯ мо омодаем минбаъд низ бозӣ ва ҳамкорӣ кунем, ҳамкориҳои худро такмил диҳем", - хулоса кард Алишер Урунов.Маврид ба зикр аст, ки шурӯъ аз мавсими 2022-2023, Лигаи олии Русия барои ҳар як дархост то 13 футболбози хориҷиро муайян кардааст, ки аз ин шумора на бештар аз 8 бозигар дар як вақт дар майдон буда метавонанд.
https://sputnik.tj/20240204/muntakhab-tojikiston-vatan-peshvoz-1061549450.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0d/1032260113_108:0:1177:802_1920x0_80_0_0_47e8104c4c6a9dd10be3789491a2e321.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, футболбоз, русия, хориҷӣ, легионер
тоҷикистон, футболбоз, русия, хориҷӣ, легионер
Ба мисли ИИАО: Тоҷикистон мехоҳад, футболбозонаш дар Русия "легионер" ҳисоб нашаванд
Масъала дар ҳоле ба миён гузошта шуд, ки аз мавсими солҳои 2022-2023, Лигаи олии Русия маҳдудияти бозигарони хориҷиро то 13 нафар муайян кард
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ҳалли масъалаи лағви мақоми "легионер"-и футболбозони тоҷик, ки дар Русия бозӣ мекунанд, мушаххастарро тақозо мекунад.
Дар ин бора ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Алишер Урунов хабар дод.
Гуфта мешавад, ки футболбозони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон футболбозони хориҷӣ ҳисобида намешаванд.
"Агар бозигари тоҷики дорои душаҳрвандӣ бозигари хориҷӣ ҳисобида нашавад, чӣ мушкил дорад? Қонунгузории мо ба ин иҷоза медиҳад", - гуфт ӯ.
Тоҷикистон хостори ҳалли ин масъала аст, аммо то ҳол мушаххас нест, изҳор доштаст мақомдори ФФТ дар сӯҳбат бо РИА "Новости".
Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки ҳатто ду тарбиятгирифтаи футболи Тоҷикистон дар Лигаи олӣ кор мекарданд ва Рашид Раҳимову Игор Черевченкоро ном бурд.
"Тоҷикистон як кишвари хурд, вале хеле ва хеле футболист, ки анъанаҳои азим дорад. Аз ин рӯ мо омодаем минбаъд низ бозӣ ва ҳамкорӣ кунем, ҳамкориҳои худро такмил диҳем", - хулоса кард Алишер Урунов.
Маврид ба зикр аст, ки шурӯъ аз мавсими 2022-2023, Лигаи олии Русия барои ҳар як дархост то 13 футболбози хориҷиро муайян кардааст, ки аз ин шумора на бештар аз 8 бозигар дар як вақт дар майдон буда метавонанд.