https://sputnik.tj/20240202/mishustin-samti-afzaliyatnok-iiao-1061525298.html
Мишустин самтҳои афзалиятнок барои ИИАО-ро ном бурд
Мишустин самтҳои афзалиятнок барои ИИАО-ро ном бурд
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои ИИАО бояд тамоюлҳои ҷаҳонӣ, ба мисли рушди рақамӣ ва бунёди низомҳои ҳамгироишудаи идораи давлатиро ба инобат гиранд, изҳор дошт сарвазири Русия
2024-02-02T15:05+0500
2024-02-02T15:05+0500
2024-02-02T17:35+0500
ииао
иттиҳодияи иқтисодии уросиё
михаил мишустин
ҳамоиш
пешниҳод
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/02/1061525058_0:0:2910:1637_1920x0_80_0_0_551279b87633fe2e393a76ed36a48756.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Маҳалликунонии истеҳсолот ва таъмини эътимоднокии ҳамлу нақл аз шароити зарурии рушди кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мебошад. Ин авлавиятҳои рушди бомуваффақияти кишварҳои ИИАО-ро сарвазири Русия Михаил Мишустин дар ҳамоиши Digital Almaty ном бурд. Ба гуфтаи гузинаҳои дигари ҳисоббаробаркуниҳои молиявӣ низ бояд эҷод карда шаванд.Ҳамзамон, кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бояд тамоюлҳои глобалиро, ба мисли рушди рақамӣ ва бунёди системаҳои ягонаи идораи давлатӣ ба инобат гиранд. Мишустин зикр намуд, ки дар доираи иттиҳодия таҷрибаи бомуваффақият татбиқ намудани ташаббусҳои муштарак ҷой дорад. "Мо долонҳои нақлиётии рақамӣ ва истифодаи платформаи иттилоотии ҳамгиро таҳия карда истодаем. Ва чунин лоиҳаҳо торафт зиёд мешаванд", - гуфт сарвазир.Нахуствазири Русия ҳамчунин ҳамтоёни худро аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои ширкат дар конфронси "Саноати рақамии Русия" (CIPR), ки моҳи май дар Нижний Новгород баргузор мешавад, даъват кард. Ёдовар мешавем, ки дар охири соли гузашта сарони кишварҳои "панҷгона"-и Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё эъломияеро дар бораи рушди минбаъдаи равандҳои иқтисодӣ дар доираи иттиҳодоия барои дарозмуддат имзо карданд, ки он "Роҳи иқтисодии АвруОсиё” ном дошт.
https://sputnik.tj/20240131/iiao-qarzi-berunii-khudro-kam-kard-1061482652.html
иттиҳодияи иқтисодии уросиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/02/1061525058_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_45b465fa698c50bfe2939482b916a8fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
михаил мишустин, авлавият, муайян, мулоқот, ҳамгироӣ
михаил мишустин, авлавият, муайян, мулоқот, ҳамгироӣ
Мишустин самтҳои афзалиятнок барои ИИАО-ро ном бурд
15:05 02.02.2024 (Навсозишуда: 17:35 02.02.2024) Кишварҳои ИИАО бояд тамоюлҳои ҷаҳонӣ, ба мисли рушди рақамӣ ва бунёди низомҳои ҳамгироишудаи идораи давлатиро ба инобат гиранд, изҳор дошт сарвазири Русия
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Маҳалликунонии истеҳсолот ва таъмини эътимоднокии ҳамлу нақл аз шароити зарурии рушди кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мебошад.
Ин авлавиятҳои рушди бомуваффақияти кишварҳои ИИАО-ро сарвазири Русия Михаил Мишустин дар ҳамоиши Digital Almaty ном бурд.
Ба гуфтаи гузинаҳои дигари ҳисоббаробаркуниҳои молиявӣ низ бояд эҷод карда шаванд.
Ҳамзамон, кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бояд тамоюлҳои глобалиро, ба мисли рушди рақамӣ ва бунёди системаҳои ягонаи идораи давлатӣ ба инобат гиранд.
Мишустин зикр намуд, ки дар доираи иттиҳодия таҷрибаи бомуваффақият татбиқ намудани ташаббусҳои муштарак ҷой дорад.
"Мо долонҳои нақлиётии рақамӣ ва истифодаи платформаи иттилоотии ҳамгиро таҳия карда истодаем. Ва чунин лоиҳаҳо торафт зиёд мешаванд", - гуфт сарвазир.
Нахуствазири Русия ҳамчунин ҳамтоёни худро аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои ширкат дар конфронси "Саноати рақамии Русия" (CIPR), ки моҳи май дар Нижний Новгород баргузор мешавад, даъват кард.
Ёдовар мешавем, ки дар охири соли гузашта сарони кишварҳои "панҷгона"-и Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё эъломияеро дар бораи рушди минбаъдаи равандҳои иқтисодӣ дар доираи иттиҳодоия барои дарозмуддат имзо карданд, ки он "Роҳи иқтисодии АвруОсиё” ном дошт.